Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Бе ягон эҳтимол. Тасаввур намоед, нафареро дар либоси “хизматчии барқ” дидед, ки ӯ аз наздатон гузашта рафт, магар ин боиси таваҷҷуҳ шуда метавонад?
-Не.
-Вале агар эшон аз ягон намуди нақлиёт берун омадаву баъди ним соат бо дигар намуди либос вориди он шавад чӣ?
-Чунин амал, албатта, боиси таваҷҷуҳ шуда метавонад.
-Ана дар чунин шакл Ашӯр Ғулом “хизматчии барқ”-ро дар ҳамон гузаргоҳи сеюм дида ва чун аз ҳодисаи ба сари Мижгони Файз омада огоҳ шудааст, ҳолати корро дар мизони вақт гузошта, баъди пурсиши Сабоҳати Комил ба хулосае омадааст, ки он ҳама пинҳонкориҳоро сабаб чист. Аз он чӣ ки эшон боиси таваҷҷуҳи Ашӯр Ғулом гаштааст, бемуҳобот метавон гуфт, ки ӯ ҳамон нафари чарминапушест, ки бо шарф сару рӯйи хеш на аз шамол, балки аз нигоҳи мардум пинҳон намудааст, бехабар аз он ки: -“Глаз народа - глаз Божий” ва дуюмин ба ҷойи қарзи шаҳрвандӣ хешро иҷро намудану ба милиса хабар додан мутеи нафс гашта...
-Фрая жадность загубить.70
-Ному насаби Ашӯр Ғӯломро дар ин ҷода на дар сархат ва на дар охири дафтар аст имкони ҷойгир намудан нест.
-Пас ҷой сабти ному насаби вай дар куҷост?
-Чун гуле дар байни дафтар, чунки дар таҷрибаи тафтишотӣ кам ҳодисаҳоеро дарёфтан мумкин, ки дӯсти қадиму азалӣ аз марги ҳампешаи хеш манфиат биҷӯяд.
-Акнун мегуфтед, ки бо боздоштшуда чӣ бояд кард?
-Албатта, мо бояд ӯро чун мармараки чашм ҳифз намоем, зеро вай ягона риштаи пайвандкунандае дар байни тафтишот ва қотил боқӣ мондааст. Аслан боздошт намудани вай ин талаби худи ӯ буд, чунки баъди суҳбат ӯ дарк намуд, ки қотил ба ҳама кор қодир аст ва аз тафтишот талаби паноҳгоҳ намуд. Чун дирӯз Раҳмон Маҳмуд бо коре ба Фархор рафта буд ва ман ҳанӯз дар таҷрибаи корӣ боре ҳам бо ниҳодиҳуқуқи муҳофизати шоҳид сару кор нагирифта будам, талаби ӯро дар шакли маъмултарин иҷро намудам,

70 Ҳавобаландро нафсаш мекушад. Ё худ нафси бад - балои ҷон.

пешина
аз 527
навбатӣ