Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

вагарна ман ҳаргиз ба чунин як амал роҳ намедодам. Чун ӯ ҳоло бо мо дар масофаи дастрас қарор дорад, мехостам дар асоси нишондоди вай фотороботи “хизматчии барқ” - ро рӯй лисон оварем. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб шудаву дар ин субҳи солеҳон ба коргоҳи шумо омадам.
-Бошад, - гуфтам ман ва тариқи телефони дохилӣ ташхисгар - криминалист капитани милиса Суҳроби Шорамазонро ба дафтари кориам даъват намудам...
Соате пас, вақте ки ҳайати шахсӣ баъди маҷлиси пагоҳирӯзӣ аз пайи корҳои рӯзмарра рафтанд, бо талаби муфаттиш Сабоҳати Комилро ба дафтари кории ман оварданд. Баробари пой ба остонаи дафтари корӣ гузоштан муфаттиш ба сержанти милисае, ки ӯро овард, рухсати рафтан дод ва бо ишораи даст курсиеро дар рӯ ба рӯяш баҳри нишастани бонуи дарбон нишон дод. Ҳарчанд ӯ дирӯз худ талаби дар зери ҳимояи қонун буданро намуда, вале зиндагиномаи якшаба, ки шояд дар пиндори кунунии вай дарозтар аз аср буд, осори хешро дар ҳамон чашмони гиранда, вале маҳзун ҳувайдо намуда буд.
-Аминам, ки шабро ба осонӣ пушти сар намудед? - пурсид муфаттиш.
-Акнун чӣ мешавад? - ба ҷойи ба саволи муфаттиш посух гуфтан пурсид, нафаре ки шабро дар боздоштгоҳи муваққатии милиса пушти сар намуда буд.
-Ҳамааш ба худи шумо вобаста.
-Ба ман?
-Бале, мо шуморо аз ин варта танҳо дар ҳолате халос карда метавонем, ки қотилро дастгир намоем. Дар акси ҳол тафтишот ҳам қудрате надорад, ки як умр шуморо аз мақсади бади қотил ҳимоя намояд.
-Чӣ бояд кард?
-Мо мақсад дорем дар асоси нишондоди шумо фотороботи “хизматчии барқ” - ро тартиб диҳем.
-Ман аллакай ба шумо гуфтам, ки аз рӯйи либос ва навиштаҷоти дар камзӯлчаи кориаш сабтшуда чандон ба вай аҳамият надодам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо