Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Ин танҳо дар мадди аввал чунин менамояд. Дар асл бошад, аз рӯйи вазифаи ба душ доштаатон шумо ба ҳар як нафаре, ки вориди бино мешавад, ғайриихтиёр таваҷҷуҳ зоҳир менамоед. Ҳамин ҳолат басанда аст, ки мо дар якҷоягӣ ба анҷоми неки амали ба нақшагирифтаамон умед бандем.
-Намедонам.
-Кӯшиш ба харҷ диҳед, ки ҳамон лаҳзаро бо ҷузъиёти хурдтаринаш сония ба сония ба хотир оваред. Ҳоло бошад, мо ба дафтари кории ташхисгар - криминалист меравем ва ӯ баъди суҳбат бо шумо аксҳои гуногуни дар бойгони бударо нишон медиҳад ва мо дар якҷоягӣ акси ба “хизматчии барқ” монандро интихоб хоҳем кард. Сипас, аз рӯй хотироти шумо ба ҳамон акс каме тағйирот ё худ обу ранг медиҳем. Дар чунин ҳолат акс агар 100% ҳам набошад, 80 - 90% ба нафаре, ки шумо дар либоси “хизматчии барқ” дидаед, монанд хоҳад шуд. Норасоии онро баъдтар бо дигар роҳҳо мо бартараф хоҳем кард. Хӯш, пешниҳод чӣ хел? - нигоҳашро ба нигоҳи нафари дар рӯ ба рӯяш нишаста дӯхта пурсид муфаттиш.
-Ман розӣ...
-Тайи қариб ду соати дигар мо дар дафтари кории капитани милиса Суҳроби Шорамазон аксҳои дар бойгони бударо аз рӯйи нажод71 бо гузоштан акс ба асбоби махсус, ки тарҳи он дар экран намудор мешавад, дар асоси нишондоди Сабоҳати Комил бо тағйири узвҳои рӯй ба мадди назари шоҳид гузоштем. Дар натиҷа Сабоҳати Комил акси ба “хизматчии барқ” монандро мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор дода илова намуд, ки як чашми “хизматчии барқ” нисбат ба дигараш зиёдтар мижа мезад.
-Мешудааст - ку, ҳатто ба маротиб зиёдтар мижа заданаш ҳам дар ёдатон монда, ё ӯ ба тарафи шумо чашмак зад? - хандида пурсид муфаттиш.
-Не, не ягон намуди чашмакзанӣ набуд, вале дар як нигоҳ ҳам бошад, ман нобаробариро дар мижазании вай дидам.
71 Фотороботро аз рӯй нажод (аврупои, ориёи, муғули) гуруҳбанди намуда тариқи асбоби махсус ба он шакли рӯйро бо иловаи чашм, абру, даҳон, бини тағир дода ба мадди назари шоҳид мегузоранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо