Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Афсӯс ки ҳамин ҳолатро пештар ба ёд оварда натавонистам, - изҳори нигаронӣ намуд бонуе, ки тайи ду соли охир дар хоначаи шишагин ифои вазифа дошт.
Сипас мо бо Суҳроби Шорамазон хайрухуш намуда, ба ошёнаи дуюм баромадем. Муфаттиш бо Раҳмон Маҳмуд дар тамос шуда, ҳолати корро оиди ба зери ҳимоя гирифтани шоҳид Сабоҳати Комил баён кард.
-Зарур бошад, раво бошад. Мушкилеро дар ин самти кор намебинам, - гуфт прокурор ва ба зердасташ супориш дод, ҳамроҳи шоҳиде, ки ба ҳимояи давлат ниёз дорад, ба дафтари кории ӯ ҳозир шавад. Чун Сабоҳати Комил ҳануз ҳамчун боздоштшуда ба ҳисоб мерафт, “имтиёзи” махсус дошт ва ҳамин ҳолат сабаб шуду мошини милиса ӯ ва муфаттишро ба назди сарназоратчии қонун бурд.
Азбаски Ҷомии Шариф аз пайи муайян намудани шахсияти марди чарминапуш ба гузаргоҳи то кунун бо камераҳои назорати муҷаҳазнагардида рафта буд ва омаданаш дар соатҳои наздик ба гумон буд, ман гуруснагиро ҳис намуда, дигар омадани вайро интизор нашуда, ба тановули нисфирӯзӣ рафтам...
Ҳар он чӣ ин бегоҳ аз забони ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Ҷомии Шариф шунидам, ба ақл рост намеомад.
Шунаво ҳам набошад, зери лаб ба муфаттиши прокуратура аҳсант гуфтам. Маҳз бо ҳидояти муфаттиш ман лейтенанти калони милисаро ба гузаргоҳе фиристодам, ки дар даҳаи аввали моҳи декабри соли гузашта марди чарминапӯши аз бинои рақами 59/6 кӯчаи Бухоро берун омада аз мадди назари камераҳои назоратӣ мехост худро ҳифз намояд. Ин даъфа шогирди банда ду пойро дар як мӯза андохта, собит намудан хост, нафаре, ки таваҷҷуҳи моро бедор намудааст, соати 13.05 дақиқаи рӯзи 8 декабри соли гузашта тариқи мототсикли тамғаи Honda cb–400 аз он маҳал фирор намудааст.
-Дар асл бояд ҳамин хел шуда бошад.
-Чӣ, шумо дар ин бора медонистед? - пурсид Ҷомии Шариф.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо