Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Саволи шогирд лаҳзае ҳам бошад, андешаҳои маро бо баҳси субҳгоҳӣ бо сарвари гурӯҳи тафтишотӣ бурд...
-Гумон мекунам объекти нигоҳи Ашӯр Ғулом на худи “хизматчии барқ,” балки дар ду намуди либос дар байни камтар аз ним соат ба як намуди нақлиёт нишастани ӯ шудааст.
-Чунин шуданаш ҳам аз эҳтимол дур нест.
-Бе ягон эҳтимол. Тасаввур намоед, нафареро дар либоси “хизматчии барқ” дидед, ки ӯ аз наздатон гузашта рафт, магар ин боиси таваҷҷуҳ шуда метавонад?
-Не.
-Вале агар эшон аз ягон намуди нақлиёт берун омадаву баъди ним соат бо дигар намуди либос вориди он шавад - чӣ?
-Чунин амал, албатта, боиси таваҷҷуҳ шуда метавонад.
-Ана дар чунин шакл Ашӯр Ғулом “хизматчии барқ” - ро дар ҳамон гузаргоҳи сеюм дида, чун аз ҳодисаи ба сари Мижгони Файз омада огоҳ шудааст, ҳолати корро дар мизони вақт гузошта, баъди пурсиши Сабоҳати Комил ба хулосае омадааст, ки он ҳама пинҳонкориҳоро сабаб чист. Аз он чӣ ки эшон боиси таваҷҷуҳи Ашӯр Ғулом гаштааст, бемуҳобот метавон гуфт, ки ӯ ҳамон нафари чарминапӯшест, ки бо шарф сару рӯй хеш на аз шамол, балки аз нигоҳи мардум пинҳон намудааст ва дуюмин ба ҷойи қарзи шаҳрванди хешро иҷро намудану ба милиса хабар додан мутеъи нафс гашта...
-Не, ин ҳамааш бе ягон шаку шубҳа бозёфти худат аст,- гуфтам ман ва аз шогирд талаб намудам, ки натиҷаи корашро дар гузоришаш дарҷ намуда, ба дасти ман супорад ва то фардо субҳ рафта истироҳат намояд.
-Шумо чӣ, нияти ба хона рафтан надоред?
-Шеф соати 19 ҳамаи сардорони бахшҳо ва онҳоеро, ки вазифаи хизматиашон бо калимаи сар72 оғоз мешавад, ба наздаш даъват намудааст. Чун банда ба ҷуз сарваколатдор будан боз иҷрокунандаи вазифаи сардори бахш ҳам ҳастам, наметавонам ба даъвати сардор аз паси панҷа нигарам. Ба
72 Ишора ба онҳое, ки дар вазифаҳои сармуфаттиш, сарваколатдор, сарнозир хизмат менамуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо