Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

ҳамоиши бегоҳирӯзӣ ман бо гузориши шумо меравам, аз ҳамин лиҳоз метавонед онро дар шакли пурра рӯйи коғаз оваред, то нашаваду Воҳид Камол ба саволҳояш ҷавоби дуруст нагирифта, маро ба суроғатон фиристад, вале агар хоҳишат бошад, метавонед интизор шавед, то якҷоя ба ҳамоиши бегоҳирӯзи равем.
-Беҳтараш ман гузоришамро навишта ба хона меравам,- гуфт шогирд ва рухсат пурсида ба дафтари кориаш рафт.
Тахминан баъди ним соат ӯ боз ба назди ман омада чанд варақеро болои миз гузошта, “хайр то пагоҳ!” - гӯён аз дар баромад...
Аз сари субҳ бо амри бевоситаи Воҳид Камол ману Ҷомии Шариф дубора ба ҳамон гузаргоҳе рафтем, ки дирӯз лейтенанти калони милиса дар бораи мототсикли тамғаи Honda cb–400 маълумот гирд оварда буд. Тайи чанд соат мо дар он гузаргоҳ бо нафарони зиёде суҳбат намудем. Дар байни онҳо чор - панҷ нафар, ба ёд оварданд, ки қариб моҳе пештар чунин навъи мототсиклро дар ҳамин гузаргоҳ дидаанд ва қисме аз он нафарон гуфтанд, ки нафаре бо либоси ранги кабуддошта, ки дар пушти камзӯлаш “хизматчии барқ” навишта шуда буд, мототсиклро ҳамин ҷо гузошта, як сумкаи ранги сиёҳ доштаро, ки дар пушти мототсикл маҳкам карда шуда буд, гирифта, ба тарафи шимол рафт. Давлати Нур ном мусоҳибамон моро бовар кунонид, ки вақте аз паҳлуи ҳамон нафари мототсиклро монда гузаштааст, марди тахминан 33 - 35 сола тахминан 10 -
12 метр дуртар аз ҷой исти мототсикл рӯзномае дар даст омадани касеро интизорӣ доштаст ва чун дар бозгашт банда баъди қариб як соат аз ҳамон ҷой гузаштааст, мототсикл дар ҷояш нибуда, вале ҳамон марди рӯзнома ба даст ҳанӯз он ҷо будааст. Сабру таҳаммули мардро дар он рӯзи сарди моҳи декабр дида, гумон намудааст, ки ягон хонумеро интизор аст ва ҳисси кунҷковиаш боло гирифтаву ба сабру таҳаммули эшон барои чунин интизории кадом як ҷинси латифе аҳсант гуфтааст.
-Волка нога кормят.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо