Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Нафаҳмидам, - гуфтааст Давлати Нур.
-Ман интизори нафаре ҳастам, ки нияти харидани хонаеро дар ҳамин маҳалла дорад ва бояд хонаро ба ӯ нишон диҳам, вале бо кадом як сабабе ҳанӯз наомадааст.Чун аз пушти ҳамин кор нон мехӯрам, маҷбур ҳастам, ки ба ҳама сардиҳо тоқат намоям, додар, - гуфтааст он мард ва Давлати Нур ҳатто аз андешаҳои ботили хеш шарм дошта, аз назди ӯ дур шудаст.
-Рафту агар ҳамон мардро бубинед, мешиноседаш? - пурсид Ҷомии Шариф.
-Чӣ, ӯ ягон гуноҳ намудааст?
-Не.
-Пас чаро ӯро ҷустуҷӯ доред?
-Ин қиссаи хеле дуру дарозест. Агар дар ҳақиқат шумо ӯро шиносед, дар назди қонун қарзи шаҳрвандии хешро ба ҷо хоҳед овард.
-Чӣ илоҷ, модоме роҳи дигараш набошад...
-Роҳи дигареро мо ҳам надида истодаем, - гуфт шогирди банда ва баъди музокироти начандон тӯлонӣ, мо ҳар се дар якҷоягӣ ба милиса омадем.
Мардум беҳуда нагуфтаанд, ки: “чиз сад рӯз дар бору як рӯз дар кор” ва маҳз ба милиса омадани Давлати Нур асос шуду банда акси аз ноҳияи Сарчашма овардаамро дигарбора ба хотир овардам. Давлатро дар “хонаи интизории шаҳрвандон” гузошта, мо худ ба ошёнаи дуюм баромадем ва чун он аксро пайдо намудем, ман ба сарвари гурӯҳи тафтишотӣ занг зада, нақшаи пешниҳоди акси Ашӯр Ғуломро барои ба шоҳид нишон додан мавриди баррасӣ қарор додам.
-Танҳо дар доираи қонун он аксро ба мадди назараш гузоред,,,73 - гуфт муфаттиши прокуратура.
Давлати Нур дар ҳузури холисон дар байни панҷ акс акси рақами чорро нишон дода гуфт, ки дар он рӯзи сард дар
73 Дар чунин мавридҳо дар асоси протокол чанд аксро паҳлуи ҳам гузошта, рақамгузорӣ мекунанд ва дар ҳузури холисон онро ба шоҳид нишон медиҳанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо