Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

байни қариб як соат ҳамин мардро ду маротиба дар гузаргоҳи сеюми кӯчаи Бухоро дида буд. Таҳти рақами чор акси Ашӯр Ғулом гузошта шуда буд...
Дигар ҳеҷ шаку шубҳае намонда буд, ки нигоҳи “ҷаҳонбини” Ашӯр Ғулом дар замираш манфиати молиявиро аз ҳама рукнҳои дигари инсони боло гузошта, сари хеш ба гарав монд.
-Вақти он расидааст, ки Раҳмон Маҳмуд парвандаи ҷиноиро аз рӯйи куштори Ашӯр Ғулом талаб карда гирад,- гуфт Ҷомии Шариф баъди рафтани Давлати Нур.
-То мо ронандаи мототсикли тамғаи Honda cb–400-ро дастгир накунем, дастгир кардан он тараф истад, агар гуноҳашро собит насозем, ҳаргиз Раҳмон Маҳмуд ба чунин амал розӣ нахоҳад шуд.
-Ана инро андеша мегӯянд.
-Ҳамаи инро худатон, рафиқ лейтенанти калон, борҳо дидаед, вале ҳеҷ ба хулосаи дурусте омада натавонистед?
-Гуфтаниед, ки ҳамнишини моҳ шуда чаро моҳ нашудам.
-Ҳар чӣ пиндоред, вале кӯшиш ба харҷ диҳед, сабру таҳаммулро пеша намоед.
Занги телефон садо доду мусоҳибаи мо нотамом монд.
Ман гӯшакро бардошта гулӯ рӯшан намудам. Муфаттиш аз натиҷаи тавсияи хеш пурсон шуд ва чун анҷоми неки онро шунид, хоҳиш намуд, ки аз пайи муайян намудани шахсияти мототсиклсавор шавем.
-Ин ба гуфтан осон, - эътироз намудам ман.
-Чаро?
-Чунки касе ба рақами давлатии он аҳамият надодааст.
-Иншоолоҳ, чашми ҷаҳонбине ба он рақам ҳам расидааст ва ба замми ин гумон намекунам тамғаи чунин намуди мототсиклҳо дар шаҳр зиёд бошад. Шуморо - ку намедонам, вале ман мототсиклҳоро дар шаҳр хеле кам дучор меоям. Ба ҳар ҳол ҳамроҳи Ҷомии Шариф боз як талош намоед, рафту...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо