Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Маълумотномаи БДА74 бар хилофи андешаи муфаттиши прокуратура баромад, ки гуфта буд:
-Шуморо - ку намедонам, вале ман мототсиклҳоро дар шаҳр хеле кам дучор меоям. Замоне мо бо мототсиклҳои тамғаи “Минск,” “Иж,” “Урал” ва ҳатто “Ява” сару кор доштем. Чун мо батадриҷ аз пайи омӯзиш ва таҳлили ин намуди воситаи нақлиёт шудем, мӯйи баданамон рост шуд, чунки ҳатто барои ҳисоби номгӯй ва тағмаи онҳо ангуштони дасту пой кофӣ набуданд. Бояд зикр намуд, ки дар нисбати мототсиклҳои тамғаи Susuki gep, Kawassaki, g - 310, Yamaha mt- 3, ки аз 28 то 54 қувваи аспро дороянд, мототсикли тамғаи Honda cb - 400 аз ҷиҳати техники бартарие бештареро дорост ва ҳатто навъи мукаммалтари он Honda - 750c низ дастраси муштариён шуда, дар шаҳр он қадар дӯстдорони ин намуди воситаҳои нақлиёт зиёд будааст, ки ҳисобаш гум. Пурсишҳои минбаъда низ дар самти муайян намудани рақами давлатии Honda cb - 400 бе натиҷа баромаданд. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардид ва мо дубора рӯ ба камераҳои назоратӣ овардем, ҳарчанд самти ҳаракати Honda cb - 400 аз гузаргоҳи сеюми кӯчаи Бухоро баъди соати 13 ба мо даст надод, вале самти ҳаракати онро то соати 12.37 дақиқа муайян карда тавонистем. Honda cb - 400 рӯзи 8 декабр бори аввал соати 12.12 дақиқа дар кӯчаи Сулҳ ба чашми ҳамабини камераҳои назоратӣ афтида, мудатти бисту панҷ дақиқа то гузаштан аз чорроҳаи гузаргоҳи дуюми кӯчаи Бухоро дар зери назорати камераҳо будааст. Ҳарчанд мавқеи асосии то ба роҳи калон баромадани онро то кунун муайян нанамуда будем, вале чун дар кӯчаи Сулҳ панҷсад метр пештар ҳам чунин камераҳо насб шуда буданд ва дар он мо акси маскурро пайдо карда натавонистем, эҳтимолияти аз ҳамин радиус ба роҳи калон баромадани он пайдо шуд. Чун минтақаи кӯчаи Сулҳ ва гирду атрофи он ба ҳудуди ноҳияи Гулистон дохил намешуд, маҷбур шудем бо имзои Воҳид Камол тариқи хабарнома75 ҳампешаҳои хешро, ки кӯчаи Сулҳ ва маҳаллаҳои гирду
74 БДА - Бозрасии давлатии автомобилӣ.
75 Хабарнома - орентировка.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо