Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

атрофи он аз рӯйи тақсимоти маъмурӣ зери назораташон буд, дар ин бора огоҳ намуда, аз онҳо ёрӣ пурсем. Натиҷаи ҳама гуна дастовард аз рӯйи хабарнома ин тарзи дурусти ба қалам додани ҳодиса аст. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардидаву баъди ду шабонарӯз мо аз ҳампешаҳои дар ноҳияи Сомонӣ будаамон ба хабарномаи хеш ҷавоби расмӣ гирифтем. Дар он омада, ки дар минтақае, ки таваҷҷуҳи моро бедор намудааст, шаш нафар соҳиби мототсикланд, ки ду нафарашон дорандаи мототсикли тамғаи Honda. Чун дар посухи расмӣ ба хабарнома ному насаби дорандагони мототсиклҳо сабт шуда буд, моро ба ҷуз даъват ва пурсиши ҳар кадоми онҳо дигар чорае набуд...
Ин субҳ бо оғози барномаҳои радио аз хоб бедор шудам.
Чун ҳанӯз хона дар оғӯши зулмот буд, муддате дар ҳолати нимхобию нимбедорӣ гӯш ба қимор шуда, суруди миллиро дар ҳамовозӣ бо диктор бо овози паст замзама намудам.
“Имрӯз - чоршанбе, 8 январ,” - гӯён диктор аз оғози нақшаи барномаҳои радио хабар дод. “Имрӯз чоршанбе, 8 январ,” - гуфтам ман ва такрори каломи аз радио берун омада, сабаби нороҳатии нимаи дуюмам шуд, ки бистарро тарк намуда, рафта чароғро фурӯзон намуд.
-Ҳоло барвақт, чаро чароғро фурӯзон намудӣ?
-Гуноҳи ман чист, модоме ки худат аввал ҳангоми хондани Суруди миллӣ бо диктор ҳамовоз шудӣ ва чун ҷавобак бори дуюм аз оғози рӯзи нав сухани дикторро такрор намудӣ, - гуфт бонуи хона ва чароғро ҳатто хомуш накарда, аз ҳуҷраи хоб баромад. Муддате болои бистар аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гаштам, вале бе натиҷа, чунки рӯшноӣ аллакай хобро аз чашмонам рабуда буд ва дар ин амал саҳми нимаи дуюмам хеле назаррас буд ва ҳамин ҳолат сабаб шуду дилу бедилон бистарро тарк намудам. Норозигии бандаро сари ин масъала шунида Наталя Василевна бо як табассуми ба худаш хос чунин ҷавоб дод:
-Первое упражнение утренной гимнастика для женщин, это разбудить мужа.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо