Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Имрӯз 8 январ. Ҳамагӣ як моҳ пеш ҳодисае рух дод, ки то кунун чун муаммо моро дунболагирӣ дорад, ҳарчанд дирӯз бегоҳи аз ШКД ноҳияи Сомонӣ ба хабарномаи хеш ҷавоб гирифтем ва имрӯз бояд ҳамроҳи лейтенанти калони милиса Ҷомии Шариф аз пайи муайян намудани шахсияти соҳибони ду мототсикли тамғаи Honda мешудем, вале мо гуфта наметавонистем, ки ин корамон натиҷае медиҳад ё не.
Ҳамааш мисли ҳамон ҳавои номусоиди рӯзи 8 декабри соли гузашта ба назар мерасид, мисли ҳамон ҳавое, ки ҳофизи тӯйгарде аз надоштани барномаи мукаммали мусиқӣ дар фазои тӯйхона ҳаҷви нобаҳангомеро бо номи “Бирав бубин ҳавора, мебора намебора” ба гӯши аҳли нишаст расонидаву худро аз варта берун овардан мехоҳад...
Расо як моҳ пеш банда барои гусели дӯстам Алексей Владимирович Сендеров ба фурудгоҳ рафтам ва номусоидии боду ҳаво сабаб гардиду парвози тайёраҳоро мавқуф гузоштанд ва банда бо даъвати сарвари милиса ва ҳидояти худи Алексей Владимирович ба ҷойи ҳодиса рафтам. Тайи солҳои дар милиса кору фаъолият намудан мо гиреҳи муаммоҳои аз ин ҳам чигилтарашро кушодем, вале дар ҳодисаи куштори бонкирзан дар гил мондем. Ҳарчанд дар лаҳзаҳои аввали содиршавии ҷиноят мо онро тасодуфӣ ва соате пас куштори одӣ арзёбӣ намудаву то ҷое аз ҳамсару ҳамсоя ва ҳатто аз хизматгордухтар гумонбар шудем, аммо баъди даҳ рӯз куштори дигаре бо тарзу усули дигар рӯйи саҳна омад ва ҳамаи он назарияҳои тафтишотии то он лаҳза мавриди таваҷҷуҳамон қароргирифта чун хоначаи гилини назди соҳил ба санҷиши мукаммал тоб наоварда, ба дорулфано рафт. То ҷое мо пайвастагиро дар атрофи ҳарду ҷинояти ба сари ду ҳамсоя омада, ки замоне дар як клуб кор карда ва сипас бозорро ҷой кори хеш қарор дода буданд, дарёфт намудем, вале нафаре, ки мо “саҳми” ӯро дар ду куштор собит кардан мехостем, ҳанӯз дар озодӣ мегашт ва тайи чанд рӯз боз нафаре, ки метавонист ҳадафи ҳуҷуми нвабатӣ қарор гирад, аз ҳуқуқи ҳимояи шоҳид бархӯрдор буд.
Эҳтимол дар ҳамин лаҳзаҳо нафаре, ки созмони ҳимояи ҳуқуқи шоҳид, бехатариашро ба душ гирифта, ҳанӯз дар хоби гарон буд, вале нафаре, ки бо ҷаҳду талошҳои зиёд ӯро то ба ин мақом бароварда буд, мавриди машқи аввалини субҳгоҳии ҳамсар қарор гирифт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо