Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Чӣ дунёе ...
-Боз чӣ гап шуд? - пурсид модари Абдумаҷид, ки шояд сухани ба забоновардаи банда чун “нота” - и Вазорати корҳои хориҷӣ ба сафорати давлати дигар садо дода буд.
-Нисбат ба рӯзҳои пешин ҳоло барвақт.
-Субҳ дамиду рӯз шуд, дигар баҳонаҷӯи чӣ лозим?
Беҳтараш дасту рӯятро шуста, ба сари дастурхон биё, - таъкид кард модари Абдумаҷид ва ман пой ба остонаи ҳаммом гузоштам...
Ним соат пеш аз оғози кор ба идора омадам ва дубора хабари дирӯз бегоҳӣ аз котиботи шуъба гирифтаамро мавриди назар қарор дода, ному насаби ҳарду ронандаи Honda - ро ба блокноти кориам сабт намуда, нақшаю чорабиниҳоро аз рӯйи ҳолатҳои нави кор ба тавсиб расондам.
Ному насаби ҳарду ронанда ва суроғаи онҳоро чун шеъри Ҳофиз ба маротиб такрор намудам, то дар лаҳзаи зарурӣ дигарбора ба ҳуҷҷатҳои дар ҷузвдонбуда назар наафканам ва ҷузвдони чарминро ба гӯшаи миз гузошта, интизори амру фармонҳои навбатдор шудам. Ҳарчанд сарвари милиса маҷлису маҷлисбозиро чандон хуш надошт, вале то оғози рӯзи корӣ касе аз бинои милиса берун намерафт. Ин ҳама чун як одати дерина аз сарварони гузаштаи коргоҳ ба мерос монда буд, ки ҳар субҳ ҳайати шахсиро ба ҳамоиши панҷдақиқагӣ “пятиминутка,” даъват намуда, як соат ё зиёдтар аз он вазъ гуфта, ба вазифаи хизмати “содиқ” будани хешро нишон медоданд ва новобаста аз он ки баробари ба курсии мансаб омадан Воҳид Камол чунин ҳамоишҳоро ба тамом аз байн бурд, чунки дар давоми ҳафта як ё ду маротиба сари субҳ гурӯҳи хурди афсаронро ба ҳузураш мехонд, мо худ тарки одати пешин карда натавонистем ва ин амаламон мақоли халқии “тарки одат, амри маҳол” - ро ба ёд меовард.
Ҳамин ҳолатҳоро ба инобат гирифта, баъди гузаштани даҳ дақиқа аз оғози рӯзи корӣ ман ҳамроҳи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Ҷомии Шариф аз бинои милиса берун шудам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо