Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Тариқи автобус ба ҳамон минтақае омадем, ки камераҳои назоратӣ дар он рӯзи сарди моҳи декабр аз оғози ҳаракати Honda хабар дода буданд. Муддате дар истгоҳ таваққуф намуда, аз рӯйи суроғаҳои дар ҷавоби хабарнома омада давоми самти ҳаракатамонро муайян намудан хостем ва ҳамин ҳолати баҳси мо, ки ному нафари ҳарду ронанда ва суроғаи онҳоро чун шеъри Ҳофиз ба гӯши шунаванда Ҷомии Шариф расондам, таваҷҷуҳи нафареро аз мардуми дар истгоҳ буда бедор намуд, ки чанд қадам ба сӯямон гузошта, баъди салому алейк худро муаррифи намуда гуфт:
-Каромат Абдуллоев - бобои Абдуллоев Беҳрӯз Некрӯзович. Акнун донистан мехостам, ки шумо кистед ва чӣ сабаб шудаву набераи маро мавриди баҳси хеш қарор додаед?
Ман шаҳодатномаи хизматиамро дар шакли кушода ба он мусоҳиби нобаҳангом нишон дода, оҳиста ба ӯ фаҳмондам, ки агар майли шунидани каломи моро дорад, беҳтар мебуд аз истгоҳ каме дуртар мерафтем. Шояд шаҳодатномаи милиса дар замири эшон андешаҳои мухолиферо ба миён овард, ки баҳри шунидани он асрори нуҳуфта розӣ шуд. Роҳравон ҳам бошад, дар ҳадди имкон мо Абдуллоевро аз мақсаду мароми ба ҷустуҷӯи наберааш Беҳрӯз баромаданамон огоҳ намудем.
-Ман борҳо гуфтам, ки чунин корҳо ба некӣ анҷом намеёбад, вале канӣ гӯши шунаво?
-Кадом корҳо?
-Ҳамон пойгаҳҳои шабона. Пештар ин хел набуд.
Мототсиклро ба мақсади муайяне истифода мебурданд. Ёд дорам, ҳамсояи мо Рамазон мототсикли “Ява” дошт ва онро субҳгоҳон савор шуда, ба кор мерафт ва боз рост гашта омада, дар хонааш мегузошт. Талабгорони дар чунин мототсикл савор шудан ҳам бисёр буданд, вале Рамазон дӯстони ба талаби “Ява”омадаро бо каломи “оружие, ложку и жену-недоверяю ни кому” - ро чун дастурамал пеш меовард ва талабгорони яклаҳзаинаи мототсикл баромада мерафтанд, вале акнун ҳамааш баръакс шудааст ва чун Некрӯз барои писараш мототсикли Honda харид, он бозичаи дасти ҷӯраҳои Беҳрӯз гашт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо