Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Мехостем бо Беҳрӯз сари ҳамин масъала суҳбат намоем.
-Ним соат пеш Беҳрӯз барои варзиш ба клуб рафт.
-Ба кадом клуб?
-Суроғаашро намедонам, вале Беҳрӯз ниҳоят намуди варзиши хатарнокеро пеша намудааст.
-Он чӣ намуди варзиш аст?
-Ҷаҳиш аз парашют, гӯё дар дунё дигар намуди варзиш набошад. Ҳамин аст натиҷаи беандешагии падар, ки худ дар Русия гаштаву ба писари ягонааш Honda туҳфа намуда. Не, ман борҳо сари ин масъала бо падараш гуфтугӯи телефонӣ доштам, вале бе натиҷа ва ана оқибаташ, - гӯён муйсафед оҳи сарде аз қалби пурдард берун овард.
Баъди гирифтани рақами телефони Беҳрӯзи Некрӯз бо бобояш хайрухуш намуда, ба самти дигари роҳ гузаштем.
-Чӣ, вай нафари дуюмашро намебинем? - пурсид Ҷомии Шариф.
-Ба гумонам дидани ӯ дигар лозим намешавад.
-Тарзе гап мезанед, ки гӯё аллакай қотилро дастгир намудаед.
-Аз рӯйи мантиқ аллакай давра маҳкам шуд.
-Чӣ тавр ?
-Рафти ҳодисаҳоро ба ёд биёред. Замоне Мижгони Ҳамроҳ, ки баъдтар Мижгони Файз шуд, ҳамроҳи Тоҳири Зокир аз рӯйи варзиши ҷаҳиш аз парашют дар ҳамон клубе машқ мекард, ки набераи мусоҳиби кунуниамон ҳоло ба тамрин рафтааст.
-Гумон доред, ки қотил набераи ҳамин мӯйсафед аст?
-Ҳоло чизе гуфта наметавонам, чунки Беҳрӯзи Некрӯз, ҳоло донишҷӯи курси сеюми факултаи зооветеринарии Донишгоҳи аграрӣ мебошад ва ба клуби парашютчиён аз рӯйи ҳавою ҳавас меравад ва аз эҳтимол дур нест, ки касе аз мототсикли ӯ он рӯз истифода набурда бошад.
-Гумон доред, ки ҳамон нафар дар клуби мазкур кору фаъолият дорад?
-Чун Беҳрӯзи Некрӯзро ёбем, ба ҳамаи саволҳоямон ҷавоб хоҳем гирифт,- гуфтам ман ва таксиеро боздоштам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо