Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дар саҳни ҳавлии клуби парашютчиёни ҷавон ҳашт автомобили гуногунтамға ва як мототсикли Honda меистод, ки ин худ як дастоварде аз суҳбати сарироҳии мо буд. Ин дафъа дар даромадгоҳи клуб он марди хайрхоҳеро, ки ду маротиба чашми бандаро ба оламу одам кушод ва боз маро ба бесаводию тағобозӣ муттаҳам кардан хост, надидам. Чун аз навбатдор дар бораи эшон пурсидам гуфт, ки ҳафтае боз бемор аст ва ба кор набаромадааст.
Хостам дар бораи бемориаш каме маълумот ба даст оварам, вале мусоҳибам гуфт, ки Зоҳир - ако мубталои кадом беморист, то кунун касе намедонад. Дар ҳамон лаҳза Зоҳири Зокирро муваққатан ба гӯшаи фаромӯшӣ дода, аз дарбон, ки майдони сатҳи пеши бино низ дар зери назорати доимиаш карор дошт, дар бораи соҳиби мототсикли дар пеши бино буда пурсон шудем.
-Абдуллоев Беҳрӯз Некрӯзович дорандаи ҳамон мототсикли дар саҳни ҳавлӣ буда мебошад, вале барои диданаш соате ё шояд бештар бояд сабр намоед.
-Афсӯс ки мо чунин имконият надорем,- шаҳодатномаи хизматиашро кушода ба дарбон нишон дода гуфт Ҷомии Шариф.
-Ин хел бошад, ба назди роҳбари коргоҳ равед, чунки танҳо вай метавонад варзишгаронро аз тамрин озод намояд,- маслиҳат дод дарбон, ки назар ба ҳампешаи ба кор набаромадааш ҷавонтар буд.
Роҳбари клуб марди тахминан 60 - 65-солаи кулӯлаи фарбеҳе матлаби моро шунида, тариқи телефон амр дод, ки варзишгар Абдуллоев Беҳрӯз Некрӯзовичро таъҷилан ба дафтари кории вай ҳозир намоянд.
-Хуб шудааст, рафиқ генерал! - шунидем мо садои муштарии дар алоқа бударо, вале ҳеҷ фаҳмида натавонистем, чӣ тавр нафаре, ки эҳтимол сад метр роҳро пиёда рафта наметавонад, ба чунин унвони баланди ҳарбӣ сазовор шудааст.
Ҳар чӣ ҳам буд ё набуд, каломи нафаре, ки мо дар лаҳзаи аввал ҳатто ба генерал буданаш шубҳа намудем, чун қувваи оҳангар ба рағми сӯзангар шуд, чунки бо гузашти даҳ дақиқа котиба тариқи селектор хабар дод, ки варзишгар Абдуллоев Беҳрӯз Некрӯзович дар қабулгоҳ интизори амри навбатии генерал аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо