Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Ба бахти худи шумо, ки имрӯз тамринҳо дар тренажёрҳо мегузаштанд, - гуфт нафаре, ки дигар мо ба генерал буданаш ҳам шубҳа надоштем. - Агар хоҳед варзишгар Абдуллоевро ба ҳузуратон даъват намоям, ё... - гуфт нафаре, ки дар он утоқи васеу барҳаво худро ҳокими мутлақ меҳисобид.
-Беҳтараш шуморо аз коратон намонем ва агар малоли хотиратон нашавад, барои мо ба муддати як соат як утоқи алоҳида ҷудо мекардед, - гуфтам ман.
-Мушкиле нест, - гуфт мусоҳиби баландрутбаи мо ва шояд кадом як тугмачаи аз чашми ҳамагон дар зери мизи корӣ пинҳонбудаашро зер намуд, ки котиба бе салому бе паём пушти дар ҳозир шуда, бо нимтаъзиме қоматашро чун аломати савол дуқат намуд, ки шояд маънии “шуморо гӯш мекунам” - ро дошт.
-Меҳмонҳо ва Абдуллоевро ба толори маҷлисгоҳ гусел намоед!
-Итоат рафиқ генерал! - гӯён котиба бо нигоҳи ҷаззобаш моро низ ба рафтан ҳидоят намуд.
Барои заҳмати сарвари клуб изҳори сипос намуда, аз кафои котиба дафтари кории эшонро тарк намудем...
Нафари бо амри генерал ба қабулгоҳ ҳозиршуда ҳатто ба мо чандон таваҷҷуҳ ҳам зоҳир накард. Шояд гумон дошт, ки худи генерал ӯро ба ҳузур мепазирад, вале ба ҷой генерал мо худ аз ду паҳлуяш нишаста, баъди нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ гуфтем, ки ба чанд саволи хеш аз эшон ҷавоб гирифтанием.
-Модоме чунин аст, боз каме сабр карданатон лозим мешавад, чунки бандаро генерал интизор аст.
-Рафиқ генерал барои ҳамин масъала шуморо ҷеғ зад ва беҳтар мешуд ҳамроҳи меҳмонон, - котиба бо ангушташ ба тарафи ман ишора намуд, - ба толори маҷлисгоҳ рафта, ба саволҳояшон ҷавоб медодед, - амри сарвари идораро дар чунин шакл ба гӯши Абдуллоев расонд котиба ва дар якҷоягӣ моро то толори маҷлисгоҳ, ки дар ошёнаи якум воқеъ будааст, гусел намуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо