Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Таваҷҷуҳи милисаро нисбат ба шахсияти хеш донистан мехостам, - баъди рафтани котиба изҳори нигаронӣ намуда гуфт нафаре, ки мо ба суроғаш омада будем.
Ин даъфа мо матлаби хешро дар шакли пурра ба гӯши эшон расонда, аз ӯ ёрӣ хостем.
-Яъне, ки аз ман гумонбар нестед?
-Нестем.
-Чӣ тавр метавон аз ронанда нею аз мототсикл гумонбар шуд?
-Шояд онро ба ягон нафаре додаед.
-“Ҳар кӣ нагирифт панди падар, вале дар ҳолате ки ман қарор дорам, панди бобо гуфтан ҷоизтар аст, сазои сараш аз он бадтар” - гуфт мусоҳиби мо ва сар ба андеша фурӯ бурд...
-Чаро ба даҳон об гирифтед? Наход ба ёд оварда натавонед, ки чанбараки мототсиклро ба кӣ бовар намудаед?
- пурсид Ҷомии Шариф.
-Мушкилии кор ҳам дар ҳамин аст, ки нафарони аз мототсикли банда истифоа бурда кам нестанд. Сари ин масъала бобоям борҳо ба ман суханони кадом як ҳамсояашон “оружие, ложку и жену - недоверяю ни кому “ - ро, ки замоне мототсикли “Ява” доштааст, чун оинномаи ҳарбӣ гӯшр мекард. Аммо ба ҷой насиҳати боборо гӯш кардан, банда он ҳамсояашонро дар хасисию мумсикӣ, гунаҳкор намудам ва ана оқибаташ.
-Албатта, тафтишот қилро аз хамир ҷудо хоҳад кард ва барои ин шуморо зарур аст, номи он нафароне, ки дар даҳаи аввали моҳи декабри соли гузашта аз “хизмати” - и мототсикли шумо истифода бурдаанд, ба ёд оваред.
-Лаҳзае пештар шумо гуфтед, ки банда аз рӯйи синну сол аз номзад ба мақоми гумонбаршуда дур мондам.
-Айнан чунин аст.
-Пас манзуратон бод, ҳамаи он нафароне, ки тариқи мототсикли банда дар маҳфилҳои шабонаи мототсиклронӣ иштирок намудаанд, қариб ки ҳамсолони мананд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо