Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Ба мо танҳо ному насаби онҳое лозим аст, ки аз худатон на кам аз даҳ - понздаҳ сол калонтаранд. Ё шумо ба нафаре аз худ калонтар чанбараки мототсиклро бовар накардаед?
- Намедонам ба шумо чӣ хел фаҳмонам.
-Дар ҳар шакле, ки бароятон мақбул аст, хотираҳоятонро бе ягон обу ранг варақгардон намоед.
-Дар моҳи ноябр ва ҳам дар моҳи декабр як корманди ҳамин идора ду - се маротиба назди ман омада хоҳиш намуд, ки кори заруре пеш омадааст ва агар ӯро то ба манзилаш мебурдам, ниҳоят сарфароз мешуд. Чун роҳбари клуб ниҳоят марди сахтгир аст ва барои анча гуноҳи хурд ҳам метавонад кафшҳоятро пеши по гузошта, дари ин даргоҳи муқаддасро барои мардони саркашу ёғӣ бубандад, ман тамринро баҳона намуда, калидро ба дасташ додам.
-Андеша накардед, ки мабодо дар роҳ фалокате сар занад муҷозот мешавед.
-Не.
-Чаро?
-Чӣ тавр метавонад нафаре, ки замоне идоракунии тайёраи калонро ба душ дошт, дар идоракунии кадом як дучархаи одие ба хато роҳ диҳад. - Ному насабаш?
-Номаш Зоҳир насабашро намедонам, вале ӯ дар ҳамин клуб ба ҳайси дарбон кору фаъолият дошт. - Чӣ, ҳоло вай дар клуб кор намекунад?
-Гуфтанд, ки бинобар вазъи саломатиаш аз кор рафтааст.
-Оё гуфта метавонед, ки бори охирин ӯ кай аз хизмати мототсикли шумо истифода бурд?
-Тахминан як моҳ пеш буд. Рӯзаш аниқ дар ёдам нест, вале он субҳ борон борид ва ҳаво ниҳоят хунук буд. Соатҳои 11.30 дақиқа ман ба клуб омадам ва ӯ боз хоҳиши гирифтани мототсиклро намуда гуфт, ки то соати 14.00 ҳамин ҷо мешавад. Ман чун соати 13.50 дақиқа аз тамрин баромадам, мототсикл дар ҷояш буд ва ман калидро аз дасти ҳампешаи дигари ӯ гирифтам.
-Дигар ӯро надидед? - Надидам ва аз рӯй шунидам ӯ сахт бемор аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо