Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дар як мижа задан андешаҳоям асрҳоро убур намуда, бандаро то ба замони ҳукмронии Юлии Тсезар бурд76 ва аз хотироти дар майнаам даврзананда вуҷудамро арақи сард пахш кард. Рафту агар дар ҳақиқат Зоҳири Зокир аз бемории бедавои хеш огоҳӣ ёфтаву чунин саҳнаи қассосро тарҳрезӣ карда бошад - чӣ?
Албатта, ба ин саволҳо танҳо Зоҳири Зокир посух гуфта метавонист, вале ӯ ҳануз дар озодӣ нафас мекашид.
Чун рафти корҳои ҷустуҷӯи дигар кашолкориро намепазируфт, дар асоси гузориши банда дар нимаи дуюми рӯз Воҳид Камол моро дар мошини хизматиаш гирифта, ба прокуратура бурд, то дар якҷоягӣ бо мақомоти тафтишотӣ амалиёти дар пешистодаро тарҳрезӣ намоем. Баъди муҳокимаронии чандинкарата ба хулоса омадем, ки акси гумонбаршуда Зоҳири Зокирро ба мадди назари шоҳидон Давлати Нур ва Сабоҳати Комил гузорем.
Ҳамин ҳолат сабаб гардиду мо дубора Давлати Нур ва Сабоҳати Комилро ба дафтари кории муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф овардем, вале нафаре, ки Ашӯр Ғуломро ду маротиба дида ва ҳатто нисбати интизориҳояш таваҷҷуҳ зоҳир намуда буд, акси Зоҳири Зокирро, ки мо аз шуъбаи кадрҳои клуби парашютчиёни ҷавон барои пешниҳод ба шоҳид гирифта будем, нашинохт. Шоҳид танҳо ҳамон лаҳзаеро ба ёд овард, ки нафари аз мототсикли тамғаи Honda фаромада ба самти дигари роҳ гузашт ва вайро дар хотир аст, ки эшон дар тан камзули ранги кабуд бо навиштаҷоти “Хизматчии барқ” ва дар дасташ сумкаи миёнаи сафари ранги сиёҳ дошт. Акси ӯро шояд нафаре дид, ки муддати чанде истгоҳро ба қавле аз рӯи ваколатҳои доштааш ба иҷора гирифта буд ва шумо аллакай дар асоси нишондоди банда акси эшонро ба риштаи тасвир кашидед. Сабоҳати Комил бе ягон дудилагӣ аксро шинохт ва боз ба хотир овард,
76 Ю.Тсезар - императори Рим, ки баъди огоҳӣ ёфтан аз дарди бедавои хеш саҳнаи қатли худро тарҳрезӣ намуда, дар саҳнаи театр аз дасти душманонаш ба ҳалокат расид ва суд онҳоро дар марги император гунаҳкор дониста, ба ҳукми қатл маҳкум кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо