Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ки ин акси ҳамон нафарест, ки дар асоси нишондоди банда шумо фотороботи онро тарҳрезӣ намудед...
Баъди аз дар баромадани ҳарду шоҳид мо боз муддате ҳолномаи нафареро, ки бе ҷазо мондани гунаҳкорро яке аз нишонаҳои бе қонунияти арзёбӣ намуда буд, мавриди таваҷҷуҳ қарор додем ва дар ин ҷода Воҳид Камол аввалин шуда андешаҳои хешро чунин баён намуд:
-Агар гумонбаршуда дар ҳақиқат бемор аст, дигар ин корро ба таъхир андохтан мумкин нест, ҳарчанд ҳаёти ҳар яки мо низ чун ашки сари мижгон истода ва намедонем лаҳзае пас чӣ мешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки ҳамин ҳолатро Зоҳири Зокир чун Юлии Тсезар ба манфиати хеш истифода набурда бошад, аминам, ки маро мефаҳмед?
-Рафиқ полковник, оё гуфтанӣ нестед, ки ӯ пеш аз марг қассоси бародарашро гирифтани шудааст? - пурсид Раҳмон Маҳмуд.
-Ба ин савол танҳо худи ӯ посух гуфта метавонад, аммо он хунбаҳои бародар аст ё тадбиқи адолат, чизе гуфта наметавонам.
-Бо гузашти 12 - 13 сол он чӣ гуна хунбаҳо будааст ва боз чӣ тавр метавонад нафаре дар доираи ваколатҳои давлат адолатро барқарор созад? - нигаронии хешро пинҳон накарда гуфт прокурор.
-Беҳтараш то вақту соаташ биёед аз пешгӯиҳои бе мантиқ худдорӣ намоем.
-Яъне, то пагоҳ ҳам мо имкони ӯро ба ҳолаш гузоштан надорем, - нуқтаи назари сарвари милисаро донистанӣ шуда пурсид прокурор.
-Надорем ва инро ба ҳамон хотир мегӯям, ки Худо накардаву ба сари нафаре, ки мо дар ду куштор гумонбараш ҳастем, ҳодисае биёяд, пас то қиёмат мо ба саволҳои хеш посух гирифта наметавонем.
-Акнун фаҳмидам.
Ба дерии вақт нигоҳ накарда мо ба маҳали зисти нафаре ташриф овардем, ки қариб се ҳафта пештар мақомоти тафтишотиро ба хунукназарӣ нисбат ба ваколатҳои доштаашон ва бандаро ба бесаводӣ муттаҳам кардан хост.

пешина
аз 527
навбатӣ