Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дарро ба рӯямон писарбачаи даҳ - дувоздаҳсолае кушод.
Мутаассифона, дидани соҳибхона ба мо муяссар нашуд.
Писарбача, ки Тоҳир ном доштааст, моро дӯстони падараш гумон кардаю розӣ дил намуд, ки ду рӯз пеш падарашро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Ҳарчанд Тоҳир моро ба хона даъват кард, лек баъди гирифтани суроғаи беморхона узр пеш оварда, бо ӯ худоҳофизӣ намудем. То ба истгоҳ расидан бо сарвари милиса дар тамос шуда, ӯро аз ҳолати ба вуқуъпайваста огоҳ намудем.
-Акнун ба беморхона равед. Ман бошам ба Раҳмон Маҳмуд занг мезанам, то муфаттишро ҳам ба он ҷо фиристад.
-Итоат! - гуфтам ман ва Воҳид Камол ба суҳбат нуқта гузошт.
Мардони ориф ва тақводор баъди адои ҳар намоз даст ба дуо бардошта, аз даргоҳи Оллоҳ таолло таманнои ҳифзи хеш ва наздиконашонро аз марги муфоҷо, аз шарри шайтон ва аз ҳамсояи бад менамоянд. Гардиши айём бо иловаи ин таманниёт боз ҳифзи ҳамагонро аз даъват ба милиса ва пайдо нашудани ниёз ба табибон ба ин феҳрист илова намуда, тандурустиро дар сархати ҳамаи ганҷҳои дунё гузоштаанд.
Маҳз бо гузашти айём дар ин бегоҳии сарди фасли дай моро хумори суҳбат бо нафаре, ки бе ҷазо мондани гунаҳкорро яке аз нишонаҳои бе қонунияти арзёбӣ намуда буд, ба сар омад ва аз рӯйи суроғаи дар даст доштаамон қарибиҳои шом пой ба маркази онкологӣ гузоштем. Дигаронро намедонам, вале ҳар боре банда пой ба остонаи беморхонаҳо мегузорам, гумон месозам, ки дигар ягон фарди солиме дар шаҳр нест. Шояд ҳамаи инро сабаб он бошад, ки Абдумаҷиди хурдакаки мо низ ҳамеша ба ёрии табибон ниёз дорад...
Ҳамшираи шафқат матлаби моро шунида, ҳоли нафареро, ки шунидани каломашро ҳадафи аслии хеш қарор дода будем, чандон хуб арзёбӣ накард.
Новобаста аз ҳамаи ваколатҳои хеш ва илтиҷою илтимоси сарвари милиса ҳамшираи шафқат чун Гурдофарид савори саманди хеш буд ва нияти пой аз рикоб гирифтан надошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо