Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҳз ҳамин баҳси беохири пушти дар таваҷҷуҳи бемори ҳуҷраи рақами 6 - ро бедор кард, ки ба ёрии ҳимоячии хеш баромад...
-Ҳа, ин шумо! - баъди хомӯшии начандон тӯлоние гулӯ рӯшан карда гуфт нафаре, ки хилъати беморӣ дар тан дошт.
-Чӣ хеле мебинед, - бо ҳамон оҳанг гуфтам ман, аммо ин кинояро бемор дарк кард ё не нафаҳмидам. Тайи қариб ҳамин як моҳ ӯ хеле лоғару афкор шуда буд ва рафту агар ман ӯро дар дигар макон вомехӯрдам, эҳтимол намешинохтамаш. Дар ҳоле ки бо нигоҳи хеш сар то қадами ӯро палмосида гузаштам, банохост мижазании бе рабти ӯро дарёфтам. Не, ӯ тез - тез ва бе рабт мижа намезад , вале гоҳ - гоҳ пас аз ҳар се - чор дақиқа чунин ҳодиса такрор мешуд. Ман акнун ба ёд овардам, ки дар ҳарду вохӯрии аввалаам бо эшон ӯ дар чашм айнаки на чандон сиёҳ дошт ва шояд ҳамин ҳолат сабаб гардидаву мо мижазании берабти ӯро дида натавонистем.
Албатта, сари ин масъала ҳам мо ҳангоми суҳбат бармегаштем ва ман дубора каломи аз забони духтараки дар дохили дидбонгоҳ бударо ба ёд овардам: “Он рӯз Сабоҳати Комил акси ба “хизматчии барқ” монандро мавриди таваҷҷуҳи мо қарор дода, илова намуд, ки як чашми “хизматчии барқ” нисбат ба дигараш ба маротиб зиёдтар мижа мезад.
-Мешудааст - ку, ҳатто ба маротиб зиёдтар мижа заданаш ҳам дар ёдатон монда, ё ӯ ба тарафи шумо чашмак зад? - пурсида буд муфаттиш.
-Не, не ягон намуди чашмакзанӣ набуд, вале дар як нигоҳ ҳам бошад, ман нобаробарӣ дар мижазании вайро дидам.
Афсӯс ки ҳамин ҳолатро пештар ба ёд оварда натавонистам, изҳори нигаронӣ намуда гуфт бонуе, ки тайи ду соли охир дар хоначаи шишагин ифои вазифа дошт.” Ва акнун мо дар пеши дари ҳуҷраи рақами 6 - и шуъбаи бемориҳои онкологӣ дар рӯ ба рӯйи нафаре меистодем, ки ба андешаи кунунии мо дар ду куштор даст дошт. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардидаву банда дар куҷо буданамро аз хотир бароварда, ваколатҳои ҳамшираи шафқатро сарфи назар намуда, супориш додам, ки беморро рост ба ҳуҷраи духтурон баранд...

пешина
аз 527
навбатӣ