Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ин ғайриимкон аст, охир ӯ бемор аст ва ҳамагӣ чанд соат пештар ба ҷисми эшон маводҳои кимёвӣ гузарониданд, - эътироз намуд ҳамшира.
-Аз девори каҷ ҳазар. Биёед, беҳтараш ба кори инҳо дахолат накунед, - ҳамшираро огоҳ намуд бемор.
-Ин коргоҳи ман аст ва намегузорам, ки бе рухсати табиб касе шуморо озор диҳад гуфт ҳамшира.
-Оҳистатар, мо кар нестем ва бояд арз намоям, ки аз рӯзгори хуш ҳам ба коргоҳи шумо наомадаем. Медонед, мо ҳам ғуломи қонунем ва ҳамон қонун тақозо мекунад аз беморе, ки шумо ҳимояашро ҳадафи аслии хеш қарор додаед, ба чанд саволи хеш ҷавоб гирем. Гумон мекунам аз ин амали мо ба саломатии бемор ягон зиёне намерасад ва беҳтар мебуд, ки табиби навбатдорро ҷеғ мезадед, - ҳамшираро ба мувофиқа даъват намуданӣ шуда гуфт Фурӯғи Шариф.
Бешубҳа, девор муш ва муш гӯш дорад гуфтани мардумро низ сабабе ҳаст. Баҳси бемавқеи мо худи табиби навбатдорро аз ҳуҷраи духтурон берун овард.
-Худаш чӣ гап? - баъди наздиктар омаданаш пурсид нафаре, ки то субҳи дигар оромию осудагии беморони шуъбаи мазкурро ба душ гирифта буд.
Ба ҷой каломе ба забон овардан муфаттиши прокуратура шаҳодатномаи хизматиашро ба нафари ба ҳимояи ҳампешааш баромада нишон дод.
-Хуш, мушкилӣ дар чист?
-Мехостем бемор Зоҳири Зокир ба чанд саволи мо ҷавоб гӯяд.
-Монеаеро намебинам.
-Вале ҳампешаи шумо, - ба тарафи ҳамшираи шафқат нигоҳашро дӯхта гуфт муфаттиш, - ба ин кори мо монеа эҷод намуда истодааст.
-Охир ҳамагӣ чанд соат пеш ба бемор маводҳои кимиёвӣ гузарониданд. Пас натиҷаи он чӣ мешавад? - эътироз намуд ҳамшира.
-Это не тебе судить.

пешина
аз 527
навбатӣ