Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд ҳамшира чуни обари шунидани каломи навбатдор ба даҳон об гирифта, ба тарафи дидбонгоҳи дар байни долон буда ҳаракат кард.


-Шуморо гӯш мекунам, баробари ба курсӣ нишастан гуфт нафаре, ки лаҳзае пеш ҳамшираи шафқат ба дифояш бархеста буд.
-Баръакс, мо ба хотири шунидани каломи шумо ба ин ҷо ташриф овардем.
-Чӣ хел калом?
-Каломеро, ки дар он оҳанги тавба эҳсос шавад.
-Гуфтам - ку, бе ҷазо мондан беқонуниятиро ба бор меоварад ва ин каломи ихтироънамудаи банда нест, ин нигоҳи аҳли назар ба амали мақомоти тафтишотист. Рост гуфтанд, ки сухан дар забон посбони сар аст. Афсӯс ки банда ҳамин ҳолати корро ба инобат нагирифта, чашми шуморо ба рафти ҳодисаҳо кушодан хостам. Акнун афсӯс мехӯрам, ки андешаи сухани хеш накардам. Сухани рост, ҳамеша талх аст.
Мебинам суханони беғаразонаи ман боиси малоли хотиратон гашт ва дар ҳамин бегоҳии сарди фасли дай шумо омадед то каломеро бо оҳанги тавба аз забони банда шунавед. Пас агар чунин аст, маъзарат, ки шуморо хушнуд карда наметавонам.
-Инашро мо медонем, чунки танҳо мардони бузург шикасти хешро дар набард эътироф мекунанд ва чӣ тавр метавонад нафаре, ки коҳи кӯҳнаро бо гузашти солҳо бод додааст, дар каломаш оҳанги тавбаро ҷой диҳад?
-Дар шароити кунунӣ кам нафароне ҳастанд ба хотири ҳимояи арзишҳои умумимиллию умумидавлати синаи хешро сипар намоянд ва агар чунин намебуд, ҳаргиз нафаре пой болои қонун намегузошт, чунки мефаҳмид ҳар амалеро подоше ҳаст. Маълум ки шумо ҳам на ба хотири шунидани тавбаи банда аз рӯй каломи “бе ҷазо мондан беқонуниятиро ба бор меорад” омадаед. Агар чунин аст, барои он суханони пасту баланде, ки дар нисбати шумо гуфтам, ӯзр бародар.
Падарам ҳамеша мегуфтанд, ки “изои муъмин - ҳаром,” вале бандаи ганда ҳамин насиҳати падарро ҳам дар гӯшам ҳалқа карда натавонистам ва ҳамаи он насиҳатҳо чун каломи “и бари гӯшам, у бари гӯшам, ба гӯши бобии чапаргӯшам” аз як гӯшам даромада, аз дигараш баромада рафт ва аз эҳтимол дур нест, ки дар ин умри кӯтоҳам даҳҳо нафари дигарро чун шумо ранҷонида бошам.

пешина
аз 527
навбатӣ