Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Охир ман аз куҷо медонистам, ки ҳамон каломи ҳақ ё шояд ҳақ ҳам нагуфтам, дар замири шумо ин қадар кинаю адоватро бедор мекунад, ки боз ду ҳамкоратонро чун шоҳид бо худ гирифтаю ба аёдати мани бемор меоед, то дар каломи банда оҳанги тавбаро шунавед.
Чун дар ин бевақтӣ, дар ин сардию хунукӣ ба “дидорбинии” банда омадед, барои ҳама он густохиҳоям аз шумо узр мепурсам.
-Эй Склифасовский!77- гуфт Ҷомии Шариф, ки шояд хомӯш нишастану сафсаттаҳои Зоҳири Зокирро гӯш намуданамон ба мағзу устухонаш кора карда буд.
-Гуфтам - ку узр, боз чӣ мехоҳед? - мавзуи суҳбатро ба дигар самт гардониданӣ шуда гуфт бемор.
-Мақсади ташрифи мо дар чунин бевақтӣ шунидани узри бадтар аз гуноҳи шумо нест. Мо омадаем, то чашми шуморо ба рафти ҳодисаҳое кушоем, ки таърихи беш аз даҳсола дорад. Бе муболиға, дар таърихи тафтишот он бесобиқа аст.
Чунки бо гузашти солҳо инсон ҳама дарду кинаро аз дил дур мекунад, вале шумо бо амали хеш мавриди таваҷҷуҳи тафтишот гаштед.
-Шаф - шаф накарда шафтолу гӯед, вагарна ман чизеро аз он каломи ба забоновардаатон нафаҳмидам.
-Мо шуморо дар марги Мижгони Файз гумонбарем, ё гуфтаниед, ки Мижгони Файзро ҳам намешиносед.
-Намешиносам.
-Ин ҳамон нафарест, ки шумо ҳангоми суҳбат бо муфаттиши прокуратура дар марги бародаратон гунаҳкор намудед.
-Мижгони Ҳамроҳ гӯед.

77 Склифасовский – олим ва табиби рус. Нафаре, ки соатҳо аз минбар озодона сухан гуфта метавонист. Дар ҳолати мазкур киноя ба нафари пургӯ.

пешина
аз 527
навбатӣ