Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Бигузор гуфти шумо шавад. Мо донистан мехоҳем, ки чаро баъди солҳои тӯлонӣ қасд ба ҷони нафаре намудед, ки дар он рӯзи ҳодиса набуд.
-Кӣ гуфт, ки ман қасд ба ҷони вай намудам, канӣ далел?
-Рафиқ лейтенанти калон, - гулӯ рӯшан кард муфаттиш ва ҳамин кифоя шуд, ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ дар сари мизи мудаввар навбатро ба сарвари гурӯҳ диҳад...
-Фамилия, ном ва номи падар, - протоколи пурсиши гумонбаршударо болои мизи ҳуҷраи духтурон чун дастурхони шомгоҳӣ густурда, қаламро ба даст гирифта пурсид Фурӯғи Шариф.
-Зоҳири Зокир.
-Рӯз, моҳ ва соли таваллуд?
-30 декабри соли 1976.
Баъди ба саволҳои қисмати аввали протокол ҷавоб гирифтан муфаттиш Зоҳири Зокирро огоҳ намуд, ки тафтишот ӯро дар марги Мижгони Файз гумонбар аст ва ҳуқуқи вайро ҳамчун гумонбаршуда фаҳмонида дода, пеш аз огози пурсиш дар чанд ҷойи протокол нишона гузошта, имзояшро гирифт.
-Аслан ҷинояте, ки шумо дар содир кардани он муттаҳам мешавед, ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин дохил мешавад ва аз ҳамин лиҳоз пеш аз омадан ба ин ҷо банда аз роҳбарияти идораам хоҳиш намудам, ки ягон ҳимоячиро аз ҳисоби давлат ёфта, ба ин ҷо фиристанд. То омадани ҳимоячӣ шумо имкон доред бори дигар сари кирдори хеш андеша намоед. Ҳарчанд шумо бемор ҳастед, духтури навбатдор моро бовар кунонид, ки имкони пурраи ба саволҳои мо посух гуфтанро доред. Аз ҳамин лиҳоз то омадани ҳимоячӣ мо метавонем интизор шавем.
-Хоҳише доштам.
-Бошад.
-Дар курсӣ нишастан барои ман душвортар аст, агар имкон бошад...
-Гумон мекунам сари ин масъала мушкиле пеш нахоҳад омад, - гӯён муфаттиш ба долон баромад.

пешина
аз 527
навбатӣ