Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Шояд соате танаффус эълон намоем? - хомӯш шудани нотиқро дида пурсид муфаттиш.
-Оҳангро ҳангоми авҷаш хомӯш насозед.
-Бошад.
-Агар дар ёд дошта бошед, дар аввалҳои моҳи ноябр кормандони милиса дар километри 48 - уми шоҳроҳи Душанбе - Рашт мошинеро, ки ба фабрикаи тамокубарорӣ маҳсулоти хом меовард, дастгир намуданд ва ҳангоми санҷиш аз дохили кипҳои тамоку беш аз 80 кг маводи сахттаъсири ҳероин ёфта гирифтанд.
-Дар ёдамон ҳаст ва ба гумонам он хеле парвандаи пурсару садо шуд, ҳарчанд то кунун онро ба суд нафиристодаанд, - гӯфт муфаттиш.
-Дуруст ва ана ҳамин хабарро ман ба кормандони милиса дода будам. Сараввал хеле истиҳола кардам, ки шояд хабар амалӣ нашавад, вале билохира илоҷи онро ҳам пайдо намудам.
-Чӣ хел?
-Чун ба ин кор омодагии хуб дида будам ва медонистам, ки мудири пункти тамокуқабулкунӣ худ баҳри аз варта берун овардани ронандаи мошини тамокубар меравад, пеш аз ба сафар баромаданаш ба мошини шахсиаш маводи беҳушкунанда гузоштам ва чун ӯ шабона танҳо ба роҳ баромад, барояш “роҳи сафед” таманно намуда, зери лаб “дидор дар қиёмат” - гӯён даст ба рӯй бурдам. Сари субҳ хабари ба ҷарӣ рафтани мошинашро шунида, боз ба шаҳр омадам, то қисми охирини амалиёти ба нақшагирифтаро анҷом диҳам.
-Аз марги эшон ва аз шикасти амалиёт ман тариқи телефон Мижгони Файзро огоҳ намуда будам ва ба ӯ фаҳмондам, ки “шеф” пеш аз сафар барои вай туҳфае гузоштааст, ки хеле қиматбаҳост ва албатта ҳамчун амонат ман онро рӯзе ба дасти бону, ки шеф нисбаташ бе таваҷҷуҳ набудааст, хоҳам расонд. Маҳз ҳамин ваъдаи пешакӣ дар дили Мижгони Файз, ки гирифтани туҳфаро хеле меписандид ва шояд дар дунё касе аз вай бештар дилбохтаи гирифтани туҳфа набуд, чунки майли пулу молпарастӣ дар замири вай чунон лона гузошта, ки ба хотири он шуда дар авҷи муҳаббати аввалин ишқи бародари бандаро пеши по зад.

пешина
аз 527
навбатӣ