Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Пеши по задан он тараф истад, балки ӯро ба марг маҳкум кард ва ҳатто баъди марги Асо Набот ҳам аз гирифтани туҳфа сар напечид ва бандаро ба хонааш даъват кард...
-Оё ӯ шуморо намешинохт?
-То ба хонааш баҳри иҷрои ҳукм рафтан гумон доштам, ки ӯ маро намешиносад, вале чунин набудааст. Ҳарчанд ҳангоми хизмат дар ширкати Асо Набот ман вайро чанд маротиба аз дур ҳамроҳи “шеф”дида будам, вале худро ошкор накардам. Як моҳ боз андешаи онро дорам, ки агар онҳо маро мешинохтанд ва ё бародари Тоҳир буданамро мефаҳмиданд, ҳоло сабзаи гӯрам аз як ваҷаб ҳам мегузашт.
Чӣ хеле гуфтам, ҳамаи корҳои ба нақша гирифтаи банда он рӯз мувофиқи табъ буд, агар...
-Агар чӣ?
-Агар айнаки ман ҳангоми ҳаракати мототсикл намеафтид ва намешикаст.
-Гумон доред, ки танҳо ҳамин ҳолат муаррифгари шумо ба тафтишот шуд?
-Бале.
-Шояд андешаҳои хешро каме шарҳ диҳед.
-Як рӯз пеш аз ҳодиса аз телефон - автомат ба Мижгон занг зада хабар додам, ки ҳамон амонати шефро ба дасти бону супоридан мехоҳам.
-Фардо баъди соати дувоздаҳ худатро дар хона интизор мешавам, - гуфт нафаре, ки замоне ба хотири чунин туҳфаҳо шуда муҳаббати аввалини хешро қурбон намуда буд. Сипас ӯ суроға ва ҳатто коди дари даромадгоҳро низ ба ман дода, баҳри дар соя мондани хеш гуфт, ки илоҷи духтараки дар дидбонгоҳ бударо худам ёбам ва ба зинҳор номи вайро ба забон наоварам. Гуфтам дар қиссааш набошад. “Садқаи инсони ақли фаҳм шавам,” - гуфт Мижгон ва муваққатан мо худоҳофизӣ намудем. Сабаби ҳамаи инро ман дар он дидам, ки Мижгон шавҳар дошт ва намехост ташрифи марди бегонаро ба манзили зисташ касе дида, дар атрофи номаш овозаҳо пайдо шаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо