Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҳарчанд ман суроғаашро медонистам, вале донистани код бароям як дастоварде шуд. Баъди занги телефонӣ ба Мижгон ман ба маҳали зисти ӯ рафта, мавқеи ҷойгиршавии камераҳои кӯчаро аз назар гузаронидам ва то ҳаде тавонистам дар он рӯзи сарду боронӣ худро аз нигоҳи камераҳо ҳифз намудам. Хоҳиши Мижгон дар атрофи духтараки дарбон сабаб шуд ва банда он рӯз камзӯли корманди идораи барқро ба бар кардам. Ҳангоми вориди бино шудан бо ишора ба камзӯлам, ки навиштаҷоти “хизматчии барқ”-ро дошт, духтараки дар хоначаи шишагин бударо барои ҳаракати минбаъдаам ба тарафи лифт розӣ кунонидам ва ӯ ҳатто ба сӯям табассум намуд. Барои эҳтиёт ман дар ошёнаи панҷум фаромада, ду ошёнаи дигарро дар як мижа задан пушти сар намуда, даст ба тугмачаи пушти дари рақами 77 бурдам. “Дар кушода,” - садо омад аз дохил ва ман пой ба остона гузоштам. Чун овоз рӯшан намудам, соҳибхона аз ванна садо дод, ки ба меҳмонхона гузарам. Чунинашро интизор набудам ва ҳатто аз чунин шакл гирифтани вохӯрӣ хурсанд шудам. Лаҳзае пас соҳибхона омад ва баробари дидани банда лол монд. Сипас, каме худро ба даст гирифта, боз нигоҳи асрорангезашро ба сӯям дӯхта гуфт:
- Шумо бародари Тоҳир? - ва хост ба қафо баргардад...
Дигар ҷои истиҳола набуд...
-Чӣ, ӯ ҳамин хел афтоду ҷон ба ҷонофарин таслим кард? - пурсидам ман. - Не, вай гурехтан мехост, вале ман бо зарбае ӯро аз пойи афтондам.
-Оё гуфтан мехоҳед, ки бо мушт ӯ ?
-Не, бо пораи қубури қутраш 50 мм - и оҳанин аз пушт ба сараш зарба задам.
-Агар мо шуморо дуруст фаҳмида бошем, ҳодиса қариб дар як мижа задан рух додааст, пас он пораи оҳан аз куҷо пайдо шуд? - изҳори нигаронӣ намуд муфаттиш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо