Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Чӣ хеле гуфтам, ман барои иҷрои ҳукм ҳама чораҳоро андешида будам ва ҳангоми ба он ҷо рафтан дар сумкаам ба ҷуз либоси иловагӣ боз ҳамон пораи оҳани латтапечшударо низ гирифта будам. Чун пой ба остонаи хона гузошта, овоз рӯшан кардам, соҳибхона аз ванна амр дод, ки ба меҳмонхона гузарам. Ин амал танҳо ба манфиати кори ман шуд. Ба меҳмонхона гузашта, қубури қутри 50 мм - и оҳанинро, ки бо латта печондаву дар сумкаам гузошта будам, бароварда таги чодири болои диван гузошта, интизори омадани соҳибхона шудам.
-Вале ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса мо дар он ҷо ҳеҷ чунин як оҳанеро наёфтем.
-Бархилофи нақша ҳодиса суръати бештаре гирифт ва зарба он қадар ҷонкоҳ буд, ки дигар бандаро дар марги ӯ шубҳае намонд. Ҳамоно тағйири либос намуда, он пораи оҳани хунолудро низ ба сумкаи дигар андохта, аз дар баромадам. Хостам лифтро даъват намоям, вале садои лифти ба боло ҳаракаткунандаро шунида, аз девори каҷ ҳазар гӯён чанд қадам аз зинаҳо ба поён ба тарафи ошёнаи шашум гузоштам. Дидам, ки лифт дар ошёнаи ҳафтум истод ва ҳамон нафари дар дидбонгоҳи шишагин буда ба самти хонаи 77 ҳаракат кард. Шукр гуфтам, ки ин дафъа ҳам тақдирам омад кард ва ба ошёнаи шашум фаромада, тугмачаро зер намудам.
Лифти дар ошёнаи ҳафтум буда омад ва ман ба он нишаста ба поён фаромадам. Хушбахтона, дар дидбонгоҳи шишагин касе набуд. Чун тағйири либос намуда будам, барои ҳифзи хеш аз чашми бад нигоҳамро ба замин дӯхта, ба ҳамон ҷое, ки мототсиклро гузошта будам, ҳаракат намудам.
-Солҳост, ки дар мақомоти тафтишотӣ кору фаъолият дорем, вале бори аввал мешунавем, ки қотил ба ҷои ҳодиса либоси иловагӣ барад, ҳамаи инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Ҳеҷ гуна. Аслан барои онҳое, ки ҳадафро аз дур ба нишон гирифта қулангро зер мекунанд, тағйири либос шарт нест, вале барои нафаре ки чун рӯбоҳ тариқи обмурӣ ба боғ медарояд, андешаи чӣ тавр аз боғ баромадан ҳам ҳатмист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо