Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Акнун фаҳмидан мехостем, ки он пораи қубури шикастаи оҳанинро дар куҷо мондед?
-Онро ҳангоми аз болои кӯпуруки Душанбе гузаштан ба об партофтам. Сумка ва либосҳоро дар саройи ҳавлӣ мондам.
-Оҳанро дар кадом мавзеъ аз болои кӯпрук партофтед?
-Дар мавзеи байни “Сирк” ва“Комбинати бофандагӣ.”
-Дар вохӯрии пешин гуфтед, ки ба андешаи худи шумо нухсаи мактуби бародаратон дар дасти Мижгон мондааст ва шояд ҳамон нусха сабаби марги ӯ шуда бошад.
-Дар дунё коре нест, ки пушаймонӣ надошта бошад ва баъди ҳисобу китоби чандсолаамро бо Мижгони Файз баробар намудан банда низ пушаймон шудам, ки дар хуни нафаре даст задам ва хостам бо чунин роҳ таваҷҷуҳи милисаро аз худ дур созам.
-Яъне, чунин мактуб набуд ?
-Намедонам, ҳар чӣ дар атрофи нухсаи он мактуб гуфтам, бофтаи тахайюлоти худам буд, вале хуб шуд, ки шумо гунаҳкори асосиро дар обмурӣ доштед ва акнун оҳанги тавбаи ӯро низ шунидед. Ин хеле аламовар мебуд, агар банда пой дар остонаи марг намебудам.
-Аз рӯйи таҳлилу баррасии ҳодисаҳои дар минтақаи шаҳр тай як моҳи охир рух дода, дар як куштори дар наздикии “Кӯли ҷавонон” мо нақши дастони шуморо ёфтем.
Ҳодисаи мазкур низ шарҳу эзоҳи хешро талаб мекунад. Рафту агар дар он ҳодиса даст дошта бошед, пас аз рӯйи оинномаи ширкати таъсисдодаатон дар интихоби номзад ба хатогӣ роҳ надодаед?
-Ширкати мо адолатпарвар аст ва аз рӯй банди чоруми оиннома ҳамаи онҳоеро, ки дар интихоби номзад ба мақоми паразит роҳ медиҳанд, ҷазо интизор аст ва ҳеҷ як мақому мартаба иҷрочиро аз ҷазо озод карда наметавонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо