Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, иштироки хешро дар ҳодисаи тасвир намудаам инкор карданӣ нестед?
-Ман дигар на дар он вазъе қарор дорам, ки аз ҷазо тарсида, кӯшиши ҳимояи ҳифзи хешро намоям. Каломи “Испуганного не пугают” гуфтани русҳо шояд ба ҳолати кунунии банда алоқамандии бештаре дошта бошад, чунки зиндагии банда акнун шамъи сӯхта тамомшударо ба хотир меорад ва чӣ хеле мегӯянд, шамъ дар лаҳзаҳои охири хизматаш равшантар мешавад. Маҳз ҳамин ҳолати шамъро дарк намуда, ба таваҷҷуҳатон расонидан мехоҳам, ки дар ҳодисаи назди “Кӯли ҷавонон” ягон банде аз оинномаи муассисае, ки сарвариашро ба душ доштам, ҳангоми интихоби номзад ба мақоми паразит вайрон карда нашудааст.
-Чӣ, вай ҳам дар хуни касе даст дошт?
-Даст надошт, вале аз марги ҳамсояаш ҷӯёи манфиат шуд.
-Чӣ хел ҷӯёи манфиат?

  • Ӯ ба шантаж даст зад ва тайи як ҳафта бандаро ором нагузошт. Рост гуфтаанд, ки “вақти саг, ки расид, дар девори масҷид мешошад.”
    -Чӣ тавр ӯ ба шантаж даст зада, бехатарии хешро ҳифз кардан натавонист?
    -Ман аз телефон - автомати наздикии хонааш ӯро барои гирифтани маблағи талабнамудааш ба маҳалаи Лучоб даъват намуда, худ сари роҳ баромада, чун мусофир даст бардоштам.
    Нафсаш баландӣ карду мошинро боз дошт ва ба ивази 20 сомонӣ розӣ шуд бандаро то пеши қасри “Наврӯз” барад. Аз дари қафо дар курсии пушти ронанда нишастам, ва дар наздикии “Кӯли ҷавонон” хоҳиши фаромаданро намудам.
    Чун мошинро боздошт, ман бо як маҳорати хосе таноби дар дастам бударо ба гарданаш андохта ӯро бӯғӣ намудам...
пешина
аз 527
навбатӣ