Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ба ҷой эпилог
Ҳангоми гузаронидани ташхиси тиббӣ ҳолати равонии Зоҳири Зокир қаноатбахш дониста шуд ва бо қарори муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф ӯро боздошт намуда, бинобар бемор буданаш ҳуҷраи рақами 8 беморхонаро мақомоти милиса ба зери назорати шабонарӯзӣ гирифт.
Олоти ҷинояте, ки тариқи он Мижгони Файз ба ҳалокат расонида шуда буд, аз зери кӯпруке, ки зикраш дар боло рафт, ёфта гирифта шуд ва новобаста аз гузашти вақт ташхиси биологӣ аз матое, ки қубури оҳанини қутраш 50 мм печонида заррачаҳои майдатарини мӯйи бо д олудашударо пайдо намуданд, ки аз рӯйи гурӯҳ ва резус ба хуни Мижгони Файз баробар омад.
Зокири Зоҳир худ олоти дигари ҷиноят - ресмонро, ки тариқи он Ашӯр Ғуломро бӯғӣ намуда буд, ба тафтишот супурд ва ташхиси биологӣ заррачаҳои хурд (микрочастицы)
–и дар ресмон мондаро аз рӯйи хусусиятҳои хосашон ба Ашӯр Ғулом мансуб донистанд.
Прокурори шаҳр парвандаи дар прокуратураи ноҳияи Сарчашма кушодаро бо қарори хеш гирифта, ба парвандаи ҷинои рақами 519, ки санҷиши онро муфаттиши прокуратураи ноҳияи Гулистон, ҳуқуқшиноси дараҷаи аввал Фурӯғи Шариф ба душ дошт, ҳамроҳ намуда, санҷиши минбаъдаи онро чун пештара бетағйир монд.
Ҳафтае пас аз ин ҳодиса Воҳид Камол, ки ҳамагон эҳтиромаш мекарданд, гузориши ба истеъфо рафтанашро навишта, ба вазорат фиристод. Аз ин амали эшон банда ниҳоят дар шигифт шуда, дар алоҳидагӣ сабаби онро пурсон шудам.
-Нафаре, ки фирефтаи сухани кадом як мансабдоре шуда, чунин як ҳодисаро тасодуфӣ арзёбӣ намуд, дигар ҳуқуқи маънавии дар чунин мансаб буданро надорад, - гуфт сарвари милиса.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо