Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

САНГЧАРХ
Роман
Нахли беҷо надиҳад ғайри хиҷолат самаре,
79 Тири каҷ боиси расвоии тирандоз аст.
Оташ хомўш шуда буд, вале хулосаи ташхиси тиббии судӣ чун боди бемаҳал онро аз нав фурўзон кард.
- Боз як куштор, - ба тарафи мусоҳибаш нигариста гуфт сардори ШКД.
- Афсўс, афсўс, рафиқ полковник.
- Оташро хомўш кардему дар иҳотаи дуд мондем-ку.
Капитани хизмати дохилӣ Нишон Ҳамроев дар гузоришаш навиштааст, ки аз лаҳзаи аввали ба ҷойи ҳодиса омадани гурўҳи фаврии тафтишотӣ пешниҳоди ўро ба назар нагирифтаанд. Намедонам. Шояд дар ин ҷо гуноҳи аъзои гурўҳи фаврии тафтишотӣ набошад? - Чӣ хел?
- Зеро дар ҷойи ҳодиса гурўҳи фаврии тафтишотӣ шахсияти ҷабрдидаро муайян намудаанд, бинобар ин нишондоди Ҳамроев аз мадди назар дур мондааст.
- Ташхиси криминалистӣ натиҷаи сўхторро чӣ тавр арзёбӣ кард?
- Дар хулосаи ташхиси криминалистӣ омадааст, ки сўхтор дар натиҷаи расидани гармӣ ба матои дар моддаи оташангезанда олудашуда рух додааст. Маҳз дар ҳамин ҷо банда ба таҷрибаю дониши касбии Ҳамроев қоил шудам.
- Чи тавр?
- Ҳамроев ҳамон вақт гуфтааст, ки сўхтор аз чароғаки барқӣ рух додааст.
- Аз чароғаки барқӣ ё аз матои дар моддаи оташангезанда олудашуда?
- Аз ҳар ду, мефаҳмед аз ҳар ду.
- Яъне, касе қасд ба ҷони Мустафо Наим намудааст, сараввал ба вай доруи беҳушӣ дода, сипас матоъро ба чароғаки барқӣ печонида, чароғро фурўзон намуда баромада рафтааст.
- Бале, ҳамин тавр шудааст.
- Маълум мешавад, нафари ба чунин амал дастзада аз илми кимиё хуб бохабар аст?
79Шеър аз Саъдии Шерозӣ - Намедонам, вале коршиносон бар он ақидаанд, ки нафари қасд ба ҷони соҳибхона намуда, аз спирти этил истифода бурдааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо