Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Сабаб?
  • Ана ҳамин тарафи масъаларо ба шумо месупорам, рафиқ капитан. Бубинед, дар набудани шумо мо бароятон чӣ гуна “туҳфа” тайёр намудаем. Худи ҳозир рост ба прокуратура равед ва бо ҳуҷҷатҳои тафтишотӣ аз наздик шинос шавед. Шуморо ба ин кор ҷалб намудан ҳам намехостам, вале… Хайр, шумо ҳам бандаро бояд фаҳмед.
  • Рухсат диҳед аз пайи иҷрои супоришатон шавам, -аз ҷой бархеста гуфт капитани милиса Сорбони Ҳомид.
  • Ба шумо барори кор хоҳонам, - гуфт Ҳамид Ҷовид.
    Сорбони Ҳомид аз дафтари сардори ШКД берун шуда, сари ҳодисаи маз ёд меовард ба андеша рафт...

Ман, ки мурдам аз фироқи рўйи ту, Баъди мурдан хоҳ биёӣ хоҳ наё…
Гулноз назди оинаи тиреза рост меистод. Борон ба шиша ангушт мезаду ангушт. Ба тиреза не, балки ба торҳои дили ў нохун мезад. Дилаш шӯру қиёмат дошт…

  • Чӣ коре буд, ки кардӣ?! - гуфтани хушдоман дар гўшаш садо медоду садо. Худоё, чӣ гапҳое рўзи ҷаноза хушдоманаш гуфт. Хайрият кадоме аз ҳамсояҳо Гулнозро ба берун баровард. Вай ҳатто имконе наёфт, ки бо ҷисми сарди шавҳар хайрухуш намояд.
    Гулноз дар зери ин мусиқии ноҷур дафтари хотироти хешро варақгардон кардан хост, вале боде, ки қатраҳои боронро ба шишаи тиреза мезад, қобилияти варақгардон намудани сафҳаҳои рӯзгореро, ки коғазҳои намнокро мемонд надошт.
    Ҳамааш чун ҳамон афсонаи буду набуд шуд… Соате пештар хаткашон омад ва даъватномаеро аз прокуратура ба дасташ дода, имзояшро гирифт. Ў баъди рафтани хаткашон назди тиреза омад ва лолу музтар монд.
  • Барои зиндаҳо баҳор шуд, - зери лаб пичирос зад ў ва аз хазони муҳаббати хеш бо Мустафо Наим афсўс хўрд…
пешина
аз 527
навбатӣ