Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Суръати бод зиёдтар шуд магар ки садои ба тиреза бархўрдани қатраҳои борон қавитар гашту оқибат чанд саҳфаи аввали дафтари намкашидаи хотироти Гулнозро гардиш дод…
Гўё ҳамааш дирўз буд (ҳол он ки аз он вақт се сол сипарӣ шуд). Гулноз аслан Мустафо Наимро намехост, вале аз амри падар сар печида натавонист. Ўро бо як шукӯҳу шаҳомати хос ба манзили шавҳараш гусел намуданд. Чун зиндагии якҷоя оғоз шуд, кӣ будани арўси навро фаҳмиданд. Аз дасти ў коре намеомад. Хешу ақрабои шавҳар хостанд фарзанди хешро огоҳ созанд, ки зиндагӣ худ довар хоҳад буд, арўси нозанин кадбонуи хубе хоҳад шуд. Чунин ҳам шуд, вале хислати дигари арўсро, ки шояд бо шир дар баданаш рафта буд, дигар кардан нашуд, ки нашуд. Гулноз бо ҳар баҳона ҷангу ҷанҷол мебардошт.
Ба замми он ҳама қарзу қарздорӣ, падару модари Мустафо барои арўсу домод дар гўшаи шаҳр, дар кўчаи Сурхоб хонаи якҳуҷрагӣ харида доданд.
Моҳе сипарӣ нашуда боз ҷангу ҷанҷоли оилавӣ оғоз шуд.
Гулноз ба ёд овард, ки дар ҳама ҷанҷолҳои оилавӣ саҳми ў бештар буд.
- Ҷангу ҷанҷоли бемаҳал оқибат ба хонадон ягон нохушӣ меорад, - ўро борҳо насиҳат намуданд падару модар, вале ҳамаи он насиҳатҳо чун боде аз як гўшаш даромада аз дигараш бадар мерафт…
Дуюним сол Мустафо нозу карашмаи ҳамсарро бардошт ва оқибат ҳангоми хархашаи навбатӣ тобу тавонро аз даст дода, Гулнозро ба хонаи падару модараш бурда, дигар ўро суроғ накард.
Гулноз метавонист ба хона баргардаду муносибаташро ба ҳамсар мўътадил намояд, вале ғурураш намегузошт. Мустафо ҳам ёди ў накард.
Аз марги шавҳар хабар ёфта, ў баъди се моҳи аз хона рафтанаш пой бар остонаи хонаи волидайни Мустафо гузошт ва дар зери бори нафрати ҳамагон монд.
Борон ба тиреза ангушт мезаду ангушт, вале бод дигар қобилияти варақгардон намудани саҳфаҳои намнокро надошт...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо