Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Посе аз шаб гузашта бошад ҳам, чароғи дафтари кории Сорбони Ҳомид фурўзон буд. Баъди шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои тафтишотӣ дар асоси қарори муфаттиши прокуратура ў оид ба куштори сокини кўчаи Сурхоб Мустафо Наим парвандаи ҷустуҷўӣ оғоз намуд. Ҳарчанд то ба оғози расмии парвандаи ҷустуҷўӣ вақт буд, вале ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ онро аз ҳамин лаҳза оғознамуда ҳисоб мекард. Баъди суҳбати субҳгоҳӣ бо сарвари ШКД ва шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои тафтишотӣ андешаҳои зиёде дар майнааш давр мезаданд.
Ақрабаки соат ба бисту се наздик мешуд, аммо фикри хоб ҳам ўро ба сар набуд. Дурусттараш хоб аз ў дури меҷўст ё андешаҳои бисёр мавқеи хобро дар замири ў танг намуда буданду мехостанд дар ҳамин шаби хомўшу сокит ў гиреҳе аз ин муаммои сарбаста кушояд.
Хомўшии шабро танҳо садои қатраҳои борон халалдор мекард. Чойи дар пиёла рехташуда кайҳо хунук шуда буд.
Сорбони Ҳомид лаҳзае аз байни андешаҳои хеш берун омада, пиёларо ба даст гирифт, онро ба лаб бурду аз нўшиданаш худдорӣ кард. Ў аслан нўшидани чойи хунукро хуш надошт.
Солҳои дар милиса кор кардан аз неку бади зиндагӣ то андозае воқиф буд. "Марди нек аз худ ҳамеша кори нек боқӣ мегузорад", - мегуфт бобояш. Сари суханони бобо (илоҳо ҷояш ҷаннат бошад) ва гуфтаҳои сарвари ШКД дар атрофи ҳодисаи ба сари Мустафо Наим омада, бо андешаҳои мухталиф даст ба гиребон буд.
Ҳанўз дар солҳои аввали ба милиса омадан боре бо бобояш дар хусуси пайдоиши ҷиноят ва ҷинояткорӣ баҳс намуд. Милитсионери ҷавон гуфт, ки ҷиноят ва мубориза алайҳи он аз замони обшинаи ибтидоӣ сар задааст. Мубориза алайҳи ҷиняткорӣ аз замони ҷудошавии синфҳо дараҷаи кулминатсионии хешро гирифта буд. Баъдтар дар Вавилиону Рими Қадим қонунҳо, аз қабили қонуни Хаммурапӣ ва қонуни Гай қабул шуданд. Бо тарққиёти ҷамъият ҷиноят ва ҷазо низ роҳу равиши хешро дигар намуданд. Ҳамаи ҳамин далелҳо боборо қаноат кунонида натавонистанд ва ў андешаи хешро дар ду сухан чунин баён намуд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо