Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Зиддият, ки баъдтар ба ҷиноят табдил ёфт, аз замони Одам алайҳисалом, аз рўзе, ки Қобил қасд ба ҷони Ҳобил намуд, сар шудаст. Маҳз оташи дар қалби Қобил алангазада ўро қотили бародар намуду дуди ғамро дар қалби Одам алайҳисалом ва ҳамсари ў Момоҳаво боқӣ гузошт…"
- Кадом оташ? Шумо чиҳо гуфта истодаед, бобоҷон?- паст наомада эътироз намуд набера.
- Эй бачам, бачам. Маълум ки ба илми дунявӣ дода шудаю аз илми дин фарсахҳо дур рафтаӣ. Ҳоло ҳамагон даст ба сина зада собит карданӣ мешаванд, ки одам аз маймун пайдо шудааст. Ҳамин нуқтаи назар ба ақидаи мани бесавод мутлақо нодуруст аст. Агар одам аз маймун пайдо мешуд, пас чаро тайи чандин қарнҳо дигар ягон маймун одам нашудааст?
- Эволютсия миллионҳо солро дар бар мегирад, бобоҷон.
- Гапамро набур,-амр намуд бобо.
Ў хомўш монд, то бифаҳмад бобо чӣ гуфтан мехоҳад. - Ҷиноят ва ҷинояткорӣ мегўӣ? Давраи пайдоишашро ман аллакай ба ту гуфтам. Акнун давомашро гўш кун. Одамро аслан аз хок тарҳрезӣ намуданд. Бо амри худ Оллоҳ таъоло ба ҷисми ў ҷон даровард ва тамоми махлуқоти то он замон дар рўйи замин бударо амр намуд, ки ба Одам саҷда оранд. Амри Оллоҳ таъолоро тамоми махлуқот иҷро намуданд ба ҷуз шайтони алайҳилаъна. Ба саволи Оллоҳ таъоло шайтон посух гуфтааст, ки чаро ман ба Одам саҷда меовардам, модоме ў аз хоки зулмонӣ асту ман аз оташи нуронӣ. Бо амри Худованд барои чунин густохиаш шайтон аз биҳишт ронда шуд, вале баҳри озмоиши бандагон бо ризоии худи Оллоҳ таъоло ў дар замири инсоният ҷо гирифтааст ва ҳар нафаре, ки ба васвасаи шайтон дода мешаваду астағфурилоҳ нагуфта вайро пайравӣ мекунад, оқибат назди Худою бандагонаш шарманда мешавад. Қобил ҳам ба васвасаи шайтон дода шуду қасд ба ҷони бародар кард ва бо ҳамин амал ба ҷиноят оғоз бахш Марги Мустафо Наим на ин ки дар қалби пайвандон дуди ғамро боқӣ гузошт, балки баҳри онҳое ки синаи хешро алайҳи ҷинояткорӣ сипар намудаанд, кори зиёдеро ба бор овард…
Маҳрум ронанда буд, ронандаи таксӣ. Чун ў барин ронандагон лаки дар лаканд. Аз ин рў, ҷустани сабабҳои ҷиноятро аз рўйи тахассуси доштааш ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба мақсад мувофиқ нашумурд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо