Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

"Агар касе ҳам қасд ба ҷони вай намуда бошад, сабабашро дар дигар ҷой ҷустан лозим," - аз дил гузаронд ӯ.
Аз ҳуҷҷатҳои дар ихтиёри муфаттиш буда Сорбони Ҳомид ҳамин қадар фаҳмид, ки муносибати маҳрум бо ҳамсараш чандон хуб набудааст:
- Шояд ҳамсар?
- Ба гумон аст? Чӣ лозим ба ў марги шавҳар, модоме ки ўро дороие набуд. Барои як кулбаи бетонӣ, ки ҳамагӣ як ҳуҷра дорад, даст ба чунин ҷиноят задан? Ба ақл рост намеояд.
- Пас ин муамморо сабаб чист?
…
Чун дар дили худ ба саволи хеш ҷавобе наёфт, кори шаб хандаи рўз гуфта аз ҷой бархест…
Бача ду ҳафта боз дар кўҳу камар аз қафои гўсфандон мегардад. Ҳайрону саргардон. Агар модараш мебуд, магар ў чунин хориро баҳри фарзанд раво медид?
- Ҳаргиз.
- Он шаб бибиаш гуфт, ки…
- Не, он чи ки бибиаш гуфт, ҳатто ба дил наздик оварда наметавонад.
Падараш гуноҳе надорад, вале чӣ кунад, ки ситораи ў бо модари угай рост наомад. Ў ҳатто суханони кампири Маҳинро шунид, ки гапи бибиашро тасдиқ намуд. Ҳар чӣ набошад, падар барояш азиз аст. Шояд айби модари угай ҳам набошад? - Ту ҳоло хурдӣ бачам, калон шавӣ, ҳамаашро мефаҳмӣ,- он шаб ўро насиҳат намуд падар.
Аз бадбинии модари угай насиҳатҳои падар ҳам аз як гўшаш даромада, чун бод аз дигараш баромада рафтанд.
Қарибиҳои субҳдам ў боз аз хона фирор кард. Фирор карду қариб дар зери сангчарх монда буд. Рафту агар ҳамон ронанда ўро бо худ мегирифт… Не, Оллоҳ таъоло худаш ўро аз он хатар эмин дошт. - Боз мегўянд, ки мусулмон бародари мусулмон аст?
- Бале, - нидо омад аз қалбаш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо