Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Нодуруст, нодуруст, - қариб шунаво гуфт ў.
  • Қодир!
  • Ҳа.
  • Бо кӣ гап мезанӣ?
  • Гап назадаам, амак.
  • Дурўғ нагў, дурўғгўӣ торикии имон аст, мефаҳмӣ?
  • Мефаҳмам.
  • Гапи бисёр назан, гапи бисёр як харро бор гуфтаанд.
  • Хуб шудааст.
  • Шабат хуш, насиб бошад ҳарду фардо ба деҳа меравем,- гуфт сарчўпон.
  • Не, ман намеравам.
  • Чаро?
  • Намехоҳам. Ба ман ҳамин ҷо маъқул.
  • Дар хонаатон ташвиш намешаванд?
  • Касеро парвои ман нест.
  • О, ту гуфтӣ дар хона медонанд, ки ман дар ин ҷоям ё нагуфтӣ?
  • Гуфтам. Ба бибиам гуфтам, ки ман ба назди амаки Эмом меравам.
  • Ба падарат чӣ?
  • Не, ба ў нагуфтам.
  • Кори хуб накардӣ.
  • Ман ўро чашми дидан надорам.
  • Падаратро?
  • Не, занашро.
  • Айби вай бечора чӣ?
  • Ёфтед бечораатонро!
  • Хайр, хобат хуш.
  • Хоби шумо ҳам…
    Чун то ба ин дам заррае ҳам хоб ба сўи вай майл накарда буд, баъди гулў рушан кардани сарчўпон ва суҳбати нобаҳангомаш хоб аз чашмони писарбача тамоман парида рафт.
    Ў аз қисми кушодаи хаймаи чупонӣ, ки аслан вазифаи дарро иҷро мекард, ба осмон нигарист. Ду-се шабонарўз ҳаво сарду намнок аст. Боронҳои пай дар пай ба мағзу устухонаш кора карда буд.
пешина
аз 527
навбатӣ