Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қодир аслан боронро дўст намедошт ва ҳамаи ин намнокӣ кайҳо ба ҷонаш расида, вале чӣ илоҷ ки…
Дидори модари угай барояш аз ин ҳам мушкилтар буд.
Момои Маҳин бо бибиаш дар сари чашма гуфт, ки дидадаро буд, ба дида ҷо шуд. Ҳарчанд вай нафаҳмид, ки ин суханонро кампир дар нисбати модари угай гуфт ё не, вале ў ба чунин хулоса омад.
Баъди марги модар пойи дугонаи очааш Беназир аз санҷаки дари онҳо канда набуд. Меҳрубониҳояшро ба ёд оварда, дили писарбача фишурда шуд, нафас дар гулӯяш дармонд. Чун падарашро ба доми хеш кашид, пӯстинро чаппа пӯшид. Момои Маҳин рост гуфт, ки чун падар бимирад, фарзанд хору залил нагардад, вале модар бимирад, фарзанд зери пой монад. Қодир ба ёд овард, ки чӣ хел модари угай фарзанди худро меҳрубонӣ мекунад ва на танҳо модар, ҳатто падараш ҳам Раҳмонро (бачаи модари угайро) аз фарзандоне, ки аз нуфтаи худаш ба дунё омадаанду бо амри тақдир аз меҳрубониҳои модар маҳрум мондааст, навозиши бештаре мекунад…
Ба кадом хотир?
…

  • Ту ҳоло хурдӣ, калон шавӣ, ҳамаашро мефаҳмӣ, - ба ёд овард суханони падарро. Магар ҳамин чизи одиро ў намефаҳмад, мефаҳмад. Чаро намефаҳмидам? Он чӣ ки аён аст, фаҳмиданаш ҳам душвор нест. Як гап шуд, аз Раҳмон ибрат гир. Раҳмон ин тур, Раҳмон он тур ва ҳамаи инро ў бояд шунида тоқат намояд. Тамоми кору бори хона дар гардани вай ва ў бояд аз Раҳмон, ки дасташро дар косаи тар намезанад, ибрат гирад?
    -Чӣ дунёе? Корро ману Садаф (хоҳараш) мекардему гунаҳкор ҳам мо.
    Хоҳарашро ба ёд оварда, дили писарбача гум зад.
    Тамоми осмон дар зери пардаи абр буд, вагарна ў ситораи худ ва боз ситораи Садафро ҷўё мешуд. Вақте ки модараш зинда буд, ў ва хоҳараш, ки аз худаш се сол хурдтар аст, дар сари тақсими ситораҳо хеле ҷанҷолу хархаша мебардоштанд.
    Нисфи осмон бо ситораҳояш аз они вай буду нисфи дигараш аз они Садаф.
пешина
аз 527
навбатӣ