Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Не, ин тақсимоти модар буд, ки мехост ҳарчи зудтар ба ҷанҷоли бемавқеи фарзандонаш нуқта гузорад…
Аккоси сагҳо баланд шуд. Сарчўпон аз хайма берун баромад. Ў ҳатто Қодирро бедор накард, ҳарчанд вай ҳам хоб набуд… Тайи чанд шаби дар хаймаи чўпонӣ буданаш сарчўпон боре ҳам хоби ўро нороҳат насохт. Эҳтимол сарчўпон гумон дошт, ки писарбача хоб аст. Қодирро шабҳо хоб намебурд. Мавҷи хаёлоташ гоҳ ба арш мебаромаду гоҳе сарозер сўйи фарш меомад. Имшаб ҳам айнан чунин шуд. Ў симои модарашро пеши назар овард. Ҳамон лаҳзаеро, ки бори охирин дар сари танўр вайро дида буд. Рўйи модар ҳамон лаҳзаҳо чун кулчаи ширмол, мисли ҳамон кулчае, ки модар “аз нӯги хамир фатир” - гўён ба дасташ дода буд, метофт. Симои модараш чун фариштаи осмон зебо буд.
Ҳарчанд ў фариштаро ҳам надидааст, вале баъди сари модар аз забони бибиаш дар бораи фариштаҳо нақлу ривоятҳои зиёде шунидааст. Дар ҳақиқат симои модар аз он ҳурони биҳиштие, ки бибиаш баҳри вай ва хоҳараш Садаф нақл мекард, камӣ надошт. Ҳамон рўзе, ки модар сари танӯр буд, дугонааш Беназир ба хонаи онҳо ташриф овард. Модар нисбати Беназир таваҷҷуҳи хосае дошт. Чун Беназир ҳамон шабу рўз аз шавҳараш ҷудо шуда буд, аниқтараш шавҳараш кафшҳои вайро пеши пояш гузошта буд, модари Қодир ўро дилбардорӣ мекард, ки аз пасту баландиҳои зиндагӣ руҳафтода шудан хуб нест.
-Бар сари фарзанди одам ҳарчи ояд бигзарад,-модари Раҳмонро дилбадорӣ намуда гуфт модари Қодир…
Ҳамагӣ ду рўз пас, дар ҳоле, ки ў ва хоҳараш омадани тифли навро аз таваллудхона интизорӣ доштанд, ҷисми беҷони модарро ба хона оварданд…
Баъди марги модар ҳам пойи Беназир аз хонаи онҳо канда набуд ва аз меҳрубониҳои дугонаи модар дар ин рўзҳои сахт онҳо шод буданд. Ниҳоят рўзе шуду Беназир ҳамроҳи писараш Раҳмон ба хонаи онҳо кўчида омад ва дунёи равшан дуюмбора дар пеши чашмони ў сиёҳӣ зад…
Сарчўпон вориди хайма гашта, болои бистараш дароз кашид. Дере нагузашта Қодир хуроккашии ўро шунид ва чашмонашро кушод, то аз сурохии хайма ба осмон назар намояду ситораи хешро ёбад, вале то кунун дар фазои бекарон ҳам тағйироте набуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо