Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Осмон дар зери пардаи абр буду ҷустани ҳама гуна ситора номумкин буд. Боз мавҷи хаёлоти писарбача лапиш хўрд…
Ҳамон манзараи субҳ рўйи роҳ дидааш чун лентаи кино пеши назараш омад: Ронандаи мошин ўро нодида гузашт.
"Саворро чӣ парвои пиёда" - гуфтани падарро ҳамон лаҳза ба ёд овард. Мошин чун бод аз паҳлуи вай гузашта рафт. Дар ҳоле ки чароғҳои он дар гардиши кўҳи Дударгӣ аз чашми вай паноҳ шуданд, рӯшноие аз ҳамон самт ба тарафи ў омад.
Сипас садои баланди лағжиши кўҳ, ҳарчанд аз дур ҳам бошад, вуҷуди ўро ларзонд ва он шуое, ки ба самти вай меомад, нопадид гашт.
Баъди даҳ-понздаҳ дақиқа ў ба он мавзеъ расид ва дар сари гардиш таксиро дид. Сипас боз каме пештар рафт ва ба поён ба самти дарё нигарист. Субҳ дамида буд. Ў марду зане, ки дипломати сиёҳе дар даст доштанду аз қадова, аз он ҷойе, ки мошини дар зери сангчарх монда мехобид, боло мебаромадандро дида, вуҷудаш ларзид, вале худро ошкор кардан нахосту ҷисми хешро паси харсанги калони тарафи муқобили роҳ гирифт. Он ду нафар рўйи роҳ баромаданду чун дузд ба атроф нигариста, сипас ба ҳамон мошине, ки тамғаи "Таксӣ" дошт, нишаста, ба тарафи шаҳр рафтанд. Танҳо баъди ин ў аз паси харсанг баромада, ба поёни қадова дурусттар назар кард. Дар ҳақиқат дар он нишебӣ ҳамон мошинеро дид, ки ҳамагӣ понздаҳ - бист дақиқа пештар аз паҳлуяш гузашта буд.
Қодир бо чашми хеш дид, ки тамоми роҳи автомобилгард дар зери сангу хок монда ва агар онро тоза накунанд, гузаштани ҳама гуна намуди нақлиёт ғайриимкон буд. Қодир, ки борҳо аз гуфтани сухани ҳақ ба бало монда буд, аз тарси он ки ўро касе гунаҳкор накунад, ба қафо баргашт ва аз пайроҳаи хурде болои кўҳ баромад…
Чун офтоб паси пардаи абр буд, ў бо дили ҳазин дар ҳоле, ки рама то кунун аз чаро ба хайма барнагашта буд, ба ҳамин мавзее, ки акнун нияти онро тарк кардан надорад, расид.
Амаки Эмом тайи ин рўзҳо нисбати ў ниҳоят меҳрубон буд.
Ҳарчанд вай нияти ба хона баргаштан ҳам надорад, вале аз рўйи ваъдаи сарчўпон ин охирин шаби дар хайма будани ӯст...

пешина
аз 527
навбатӣ