Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

  • Рафтем!
  • Шояд ўро…
    Дили Хушдил Одил аз шунидани ин суханон фишурда шуд. Ҳазорон бор ба буздилии хеш лаънат хонд, чаро ки худро ба беҳушӣ андохт. Рафту агар овоз барорад - чӣ? Не, ҳаминаш намерасид, ки дарду алами ин ду худозадаи оқипадарро фурўзон намояд. Хушдил Одил тамоми қувваашро дар замираш гирд оварда, нияти овоз рӯшан намудан дошт, ки.
    “Не, мо аз амри боло баромада наметавонем,” - гуфтани кадоме аз он ду нафарро шуниду аз азми хеш баргашт.
  • Гумон доред, ки ў пулҳоро ёфта бармегардонад?
  • Агар аз ҷонаш сер нашуда бошад, бояд баргардонад.
  • Охир ин кас гуфтанд, ки пулҳоро бо дасти Сайёд Ватан фиристода будааст.
  • Гуфтанд, гуфтанд… Ин лаънатӣ ҳам медонад, ки акнун бо кӣ такя намояд.
  • Яъне, шумо ба гуфтаҳои ин кас боварӣ надоред.
  • Ман танҳо не, худи шеф ҳам арзи ин касофати худозадаро напазируфт.
  • Рафту дар ҳақиқат ин кас он дипломати пулро фиристода бошад-чӣ?
  • Агар мефиристод, он пулро меёфтанд.
  • Охир мо он ҷо набудем, ки чунин хулоса барорем.
  • Мо набудем, вале милиса он ҷо буд, мефаҳмӣ?
  • Милисаҳо ҳам одаманд, нафс доранд, шояд худи онҳо…
  • Ин тарафаш кори мо нест. Ҳамин намерасид, ки милисаҳоро дар рабудани он дипломати зормонда гунаҳкор кунем.
  • Модоме ки ин кас дипломатро фиристода бошад ва милисаҳо онро нагирифта бошанд, дигар кӣ ҳам м онро аз дохили мошини дар зери сангчарх монда бигирад?
  • Намедонам, бигузор акнун худаш бегуноҳ будан собит кунад.
  • Дуруст.
пешина
аз 527
навбатӣ