Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Фардо агар амр шавад, ки мо сари ин худозадаро аз танаш бояд ҷудо намоем, чӣ кор мекунем?
- Сарашро аз танаш ҷудо мекунем.
- Дурусттараш, мо амри болоро иҷро мекунем.
- Чаро?
- Чунки ин касофат бо арбоб бозӣ кардааст. Мардумони оқил беҳуда нагуфтаанд, ки "шўхӣ макун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб". Ин аст сазои шахсе, ки аз таҷрибаи зиндагӣ баҳра набардошт. Шеф бар он ақидааст, ки аҷаб не худи ҳамин худозада сангчархро ташкил накарда бошад?
- О, мардумон гуфтанд, ки он субҳ ин касро дар пеши ҳавлиаш дидаанд.
- Ту ба гапи мардумон бовар намудӣ. Онҳое, ки ба дифои ҷони ин худозада бархостанд, ҳама тарафдоронаш ҳастанд.
Бо пул забони даҳҳо нафарро бастан мумкин. Аҷаб нест, ки аз он ҳиссаи ману худат ҳамон лаънатиҳо ҳам ком ширин накарда бошанд? - Ба ростӣ, ҳеҷ нафаҳмидам.
- Ҳоло худат аз косаи чунин аблаҳон об нанӯшидаӣ. Ба лаби дарё ташна бурда, ташна бармегардонандат. Агар дипломат дар дасти Сайёд Ватан мешуд, ў онро бо худ ба қиёмат намебурд. Модоме ки набурдааст, бояд дипломат ёфт мешуд. Онҳое, ки мошини дар зери сангчархмондаро диданд, чанд нафар буданд ва ба гумон аст, ки даст ба чунин кор мезаданд. Сипас, милиса омадааст. Мардуми зиёди роҳгузар ба милиса ёрӣ дода, ҷисми беҷони Сайёд Ватанро то ба рўйи роҳ бароварданд. Гумон дорӣ, ки шеф ҳамин масъалаҳоро дар андешаҳои хеш "тоб" надодааст?
- Надонам.
- Ман бошам, медонам, чунки бо шеф чанд пуд намакро тайи ин солҳо боҳам дидаем. Ин муттаҳам бошад, на ин ки шеф, балки ҳиссаи ҳалоли моро ҳам аз худ намуд. Биё шин, рафтем!
- О, агар ин кас дар ҳамин ҷо мурда монад-чӣ? Охир замин намноку сард, ин кас беҳуш.
- Ганда мурданӣ надорад, биё рафтем.
- Рафту ин кас мурда монад, асрори он дипломатро бо худ мебарад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо