Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Гуфтам - ку, ганда мурданӣ надорад!
    Садои муҳаррики мошин ба гўшаш расид ва лаҳзае ҳам бошад, ў дами хеш ба дарун гирифт, ки на танҳо садои муҳаррик, балки пар задани пашаро ҳам мешунид. Ба ҳар ҳол ў тапиши дили хешро баръало ҳис намуд. Садои муҳаррик баландтар гашту ғурриши мошин, ки намуди ҷаҳишро дошт, ба гўшаш расид ва ниҳоят ҳама ҷо ором шуд. Дигар на садоеву на овое. Ў бо тани афгори мушту лагад хӯрдааш болои замини сард маҷоли ҷунбидан надошт. Танҳо оҳ мекашиду оҳ. Ҳатто маҷоли чашм кушодан надошт. Дарди ҷонкоҳ тамоми вуҷудашро месўзонд, вале болои замини намнок ҳам дигар ғел задан маъние надошт. “Ҳарчи тезтар аз ин ҷо рафтан лозим,” - аз дил гузаронд ў. Нағз фаҳмид, ки бо кӣ сару кор дорад. Тарс дар замираш аллакай маскан гирифта буд. Агар ҳамин тарс намешуд, ў бо ин ҷисми афгор нияти аз замини сард ҳам бархестан намекард, вале чӣ илоҷ, ҷон ширин ва ўро лозим буд, ки ҳарчи тезтар худро аз он макон дур намояд.
    Хушдил Одил оҳиста - оҳиста чашмонашро кушод.
    Моҳтоб аз паси қуллаҳои самти шарқӣ, ки чандсад фарсахҳо аз ҷойи "истироҳати" вай дур қарор дошт, дидори ҷаҳонорои хешро ба мадди тамошои заминиён бароварда буд. Бо дидани равшании моҳ дилаш ором шуд, ки баъди ин қадар лату кӯб чашмонаш осебе нагирифтанд. Сипас дасту пойҳояшро ба навбат ёзонид. Новобаста аз он ки ҳар як ҳаракати дасту по ҷисму ҷонашро месўзонд, шукр гуфт, ки дасту пойҳояш то кунун аз итоаташ берун нашудаанд…
    Шамоли сарде сару рўяшро сила намуд. Вай саргузашти талхи хешро дар мизони ақл баркашида, ба хулосае омад, ки ба ҳиссиёташ низ осебе нарасидааааст. Шаббода асаби вайро хеле ором кард. Фаҳмид, ки омад - омади субҳ наздик аст.
    Моҳи аз се ҳисса ду ҳиссаи хешро гумкарда низ худ аз анҷоми моҳи куҳан ва оғози моҳи нав хабар медод…
  • Рўз нашуда худро то ба манзили хеш расонданам лозим, вагарна нигоҳи сарди ҳаққу ҳамсояҳо болои сўхта намакоб хоҳад шуд, - гўён вай болои замин ғел зад. Чун дастонаш аз самти поён (акнун ў рў ба замин мехобид) ҷо гирифтанд, нафаси чуқуре гирифта, дастонашро болои замин тирак намуда, ҷисми хешро бори аввал аз замин бардошт, вале сараш чарх заду…
пешина
аз 527
навбатӣ