Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун ин даъфа чашм кушод, офтоб болои қуллаҳои қисми ғарбӣ баробари як қади найза баланд шуда буд…
Вай ин даъфа азми аз замин бархестан накард. Азбаски рў ба замин афтида буд, ҳангоми чашм кушодан нигоҳаш ба самти ғарб бархўрд ва офтоби сари қуллаҳоро дида дилаш фишурда шуд. Боз ягон чаҳоряк соат вақт лозим буд, ки нурҳои офтоб то ба мавзее, ки вай қарор дошт, бирасад. Ҳис мекард дасту пойҳояш аз сардӣ карахт шудаанд. Ба гумон буд, ки дигар нурҳои хуршед ҳам ҷисми сарду карахтшудаашро гарму мулоим намояд…


Коре, ки оғозаш муаммост, зулмати шабро монад ва ҳеҷ нуре он зулмот рахна накунад, агар инсон худ баҳри кушоиши ин муаммо кўшиш ба харҷ надиҳад. Сорбони Ҳомид сари субҳ ба милиса омад ва муддате чанд сари мизи кориаш оид ба ҳодисаи дар кўчаи Сурхоб рухдода майна об кард.
Дишаб кори шабро хандаи рўз гуфта аз идора бадар рафт, вале рўз ба дарди ў малҳам нагашт. Аз бад бадтар шуд.
Андешаҳои бесару нӯг, андеша хуршед ҳам ўро домангир шуданд.

  • Коршиносон бар он ақидаанд, нафаре, ки даст ба ҷони Мустафо Наим дароз намудааст, аз спирти этил истифода бурдааст,- ба ёд овард ў суханони сарвари ШКД-ро.
    Аз спирти этил. Кори ташхис дар ҳамин ҷо анҷом ёфт.
    Санҷиду нуқтаи назари хеш гуфт. Тамом ва салом. Баъди ин агар милиса ба зери об монад ҳам, ташхисгарро парвое набошад. Ҳамаи бори гарон дар гардани се - чор тан, боқӣ кулбаи ҳама дар канор. Дар як гўша. Ҳама кўшиш мекунанд, ки аз маркази вулқон дуртар бошанд…
    Сорбони Ҳомид аз рўйи таҳлили ҳуҷҷатҳо чандин назарияҳоро рўйи лисон овард. Сипас, бо нигоҳи хеш рози ниҳон донистан хост. Авроқи сафед, ки дар худ навиштаҷоти зеринро дарҷ намуда буд, бо вай сари суҳбат қарор гирифта, назарияҳои дар рўяш сабтшударо ба мадди тамошояш гузошт:
пешина
аз 527
навбатӣ