Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

а). Мустафо Наим чи шахсияте буд, ки барояш чунин намуди ҷазоро арзонӣ доштанд?
б). Куштор аз рўйи рашк ба амал омад.
в). Куштор ба мақсади пинҳон намудани ҷинояте, ки маҳрум тасодуфан аз он огоҳ гаштааст.
г). Куштор ба мақсади барнагардонидани қарз.
д). Куштор аз рўйи хиёнат ба нафаре ё гурўҳе.
ё). Куштор ба мақсади шахсро аз ҳисса маҳрум намудан.
ж). Дигар сабабҳо…
Сорбони Ҳомид нағз мефаҳмид, ки бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад ва ҳамаи ин назарияҳои болои лисон овардааш метавонанд аз асли воқеа фарсахҳо дур бошанд.
Ҳар чӣ ҳам буд, ё набуд ў, ки мўйи сари хеш дар милиса сафед карда буд, наметавонист бе санҷиши аниқу дақиқи назарияҳои дар боло зикршуда роҳу равиши дигареро ҷўё шавад…
Баҳри осонии кор ў дар ҳамин сари миз ба таҳлили назариявии куштори дар кўчаи Сурхоб рухдода пардохт.
Ҳуҷҷатҳо худ ифшогари ҳоли Мустафо Наим буданд ва ҷустани ҳама гуна сабаб аз рўйи мавқеи иҷтимоии вай хандаовар менамуд. Сорбони Ҳомид болои назарияи аввал, ки рўйи лисон бо аломати огоҳкунандаи "а" омада буд, хат кашид.
Аломати "б" на танҳо нисбат ба ҳарфи аввали алифбо, балки дар нисбат ба ҳарфҳои аз худ пас омада ҳам бартарии бештаре дошт.
Ҳуҷҷатҳои безабон худ гувоҳи он буданд, ки тайи се моҳи охир ҳамсари Мустафо Наим дар хонаи падаараш мезист ва дар ин муддат шавҳар ҳам боре ўро ба гўшаи хотир наоварда буд. Модари Мустафо бошад, дар рўзи ҷаноза ўро сабабгори марги писари хеш хонд: Чаро?
Капитани милиса зери аломати дуюм ду хатти рост, кашид, ки маънии он ҳамин нуқтаи назарро дурусттар санҷидан лозим буд. Дар таҷрибаи кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ҳолатҳои гуногуни қасд ба ҷони инсон буданд, вале ин ҳамаро наметавон экспансия номид. Ў нағз мефаҳмид, ки ҳар як ҷиноят ҳолату сабаби конкретӣ дорад ва маҳз аз рўйи ҳамин ҳолатҳо бояд тарз ва шакли корҳои ҷустуҷўӣ ба роҳ монда шавад.

пешина
аз 527
навбатӣ