Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Рафту куштор аз садамаи нақлиётӣ рўй диҳад, ҳуқуқдонҳо аксар вақт онро аз беэҳтиётӣ қаламдод мекунанд, вале он чӣ ки шахс дар хонааш беҳуш гардидаву хонаро тавассути чароғаки барқӣ оташ задаанд, ин куштор пешакӣ тарҳрезӣ шудааст.
"Оҳанро дар гармиаш мекӯбанд," - гуфтаанд дар урфият.
Ҳодисаи мазкур оҳани сардшударо мемонд, ки бо хунукназарии худи оҳангар кӯфта нашуда буд. Агар Мустафо Наим мансабе медошт ва ё боигарии калонеро соҳиб мебуд, ёфтани ҷинояткор осонтар мегардид. Қасд ба ҷони як ронандаи одӣ ба хотири чӣ буд? Капитани милиса бори дигар ҳуҷҷатҳоро аз назар гузаронда, аз байнашон варақеро чорқат намуду ба ҷайб андохт ва парвандаро ба сейф гузошта, аз ҷой бархест…
Ёсуман лакоту хаста аз мактаб баргашт. Баробари ба ошёнаи чорум расидан тугмачаи пушти дари тарафи чапро зер намуд. Дарро соҳибхона ба рўяш боз кард.
Ёсуман ба саломи соҳибхона дилу бедилон ҷавоб гуфта, ба ҳуҷраи иҷора гирифтааш даромад. Моҳе пештар муши дар об афтидарро мемонд, зеро маблағи семоҳаи иҷораро пардохт накарда буд. Соҳибхона ба сари ў чормағз мешикаст.
Ҳамарўза ғурғур мекард. Пушти дар панҷ - шаш дақиқа интизор мешуд. Акнун, ки маблағро барои се моҳи оянда пешакӣ пардохт намудаст, худаш шоҳ асту таъбаш вазир. Дар кадом вақту соате ба хона баргардад, дастони пиразан пеши бар ўро хайрамақдам мегўяд.
Ёсуман ҳамоно тағйири либос намуда, болои бистари мулоим дароз кашид. Дароз кашиду боз ҳамон саҳна пеши назараш омад. Оғози саҳна дилхарош буд, агар он дипломати сиёҳ набудӣ.
Оғози саҳна дилхарош мешуд, агар ронанда он дипломатро ба милиса мебурд…
Дипломатро мебурд, агар Ёсуман садди роҳи ў намешуд.
То ҷое, ки муаллима огоҳӣ дорад, ронандаи таксӣ аз асрори он дипломати сиёҳ касеро огоҳ накардааст.
- Киро ҳам огоҳ мекард? Модоме ҳамсараш се моҳ боз дар хонаи падараш буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо