Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Қалби ў чун чӯби тар хомўш месўхт ва вайро чӣ ҳол буд, худаш медонисту Худо. Агар аз ҳуш намерафт, ҳаргиз намегузошт, ки вайро ба беморхона биёранд. Ҳаминаш намерасид, ки дар бораи корнамоиҳои хешу талошҳои он ду дарвеш (онҳое ки ўро ба азабу шиканҷа гирифтор намуданд) ҳисобот нависад. Мисли оне ки замоне формаи рақами 24 - ро менавишт.80 Бубин, ба сари хеш чӣ балоҳое овард. Аз нобасомониҳои ба сари миллат омада истифода бурда, нисфи моликияти давлатро талаву тороҷ карда, мухолифинро гунаҳкор сохт…
Бо ин ҳам қаноат накарда, қисме аз чорвои калони шохдору моли майдаи хоҷагиро ба хокаи сафеди сабук81иваз намуда, ба дили наркобаронҳо роҳ ёфт…
- Ҳамааш нағз буд, агар Сайёд Ватан дар зери сангчарх намемонд. Ҳамааш нағз буд, агар он дипломати сиёҳ бо ҳаштод ҳазор доллар гум намешуд.
То ҷойе ў хабар дорад, милиса дар бораи он дипломат тасаввурот надорад. Хуб медонад, Сайёд Ватан на як бору ду бор амонатро бе хиёнат ба дасти соҳибони бор расонида буд.
Пас он дипломат куҷо шуд? Мусаллам аст, ки Сайёд Ватан бо чунин бор ҳаргиз роҳгузареро нагирифтааст. Рафту агар нафаре ҳамроҳи вай мебуд, аздусар ҷон ба саломат намебурд… - Чун бемор ба худ омаду чашм кушод, маро огоҳ намо, - ба хотир овард ў суханони он мардро, ки бо ҳамшираи шафқат сари суҳбат қарор дошт.
- Аз ин ҷо ҳарчи тезтар ҷон ба саломат бурдан лозим, ҳаминаш намерасид, ки ба пойи хеш теша занам.
Ў оҳиста пойҳои хешро ҷунбонд. Рагу пайвандаш ба ҷунбиш омаданд, дарди ҷонкоҳеро дар қисми миёнаш ҳис намуд, вале лаб газиду дам ба дарун гирифт.
Садои кушодану пӯшидани дарро шунид ва чун касе ҳарфе ба забон наовард, фаҳмид, ки ҳамшираи шафқат ҳам аз ҳуҷра берун шуд.
Чашм кушод. Ҳуҷра дар зери рушноии барқӣ буд. Ў рўй ба самти дар мехобид. Маълум, ки шаб кайҳо фаро расидааст.
80 Формаи 24 – ҳисоботи хоҷагиҳо дар бораи чорво.
81 Хокаи сафеди сабук – ҳероин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо